АЗ 21 АПРЕЛ ТО 1 ИЮН - РӮЗҲОИ ХОСИ КӮДАКОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ |
АЗ 21 АПРЕЛ ТО 1 ИЮН - РӮЗҲОИ ХОСИ КӮДАКОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ Бо ташаббуси шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқшуда, санаи 21 апрели соли 2025 дар тамоми муассисаҳои томактабии ноҳия маъракаи ҷумҳуриявии “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” расман оғоз гардид. Ин иқдом ҳамасола баргузор гардида, ҳадафи асосии он ғанӣ гардонидани зиндагии кӯдакон, ташвиқу тарғиби арзишҳои ахлоқиву фарҳангӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиду созанда барои ин табақаи муҳимми ҷомеа мебошад. Чорабиниҳо то 1 июни соли равон - Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон идома ёфта, дар ин давра муассисаҳои томактабии ноҳия бо баргузории барномаҳои гуногуни тарбиявию фарҳангӣ, варзишӣ ва фароғатӣ кӯдаконро ба ҷаҳони эҷоду омӯзиш раҳнамоӣ хоҳанд кард. Дар баробари намоишҳои саҳнавии кӯдакона, мусобиқаҳои варзишӣ ва бозиҳои зеҳнӣ, инчунин озмунҳои расмкашӣ, қироати шеър ва шеърхонӣ низ баргузор мегарданд. Ҳамчунин, кӯдакон ба сафари табиат, боздид аз китобхонаҳо ва вохӯриву мулоқот бо шахсиятҳои маъруфи маҳаллӣ ҷалб хоҳанд шуд, ки ҳама ин бо мақсади таҳкими ҷаҳонбинӣ ва рушди қобилиятҳои зеҳниву эҷодии кӯдакон сурат мегирад. Масъулини соҳаи маориф зикр менамоянд, ки чунин чорабиниҳо дар рушди маънавӣ, иҷтимоӣ ва ҷисмонии кӯдакон нақши муҳим дошта, шароити мусоиди тарбияро фароҳам месозанд. Онҳо таъкид доранд, ки таваҷҷуҳ ба тарбияи томактабӣ асоси устувори пешрафти ҷомеа мебошад. Баргаштан |
Вчера, 14:16 |