ТАТБИҚИ "СОЛИ ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ": САНҶИШИ КОРИ КИТОБХОНАҲО


                        ТАТБИҚИ "СОЛИ ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ": САНҶИШИ КОРИ КИТОБХОНАҲО

 29 апрели соли ҷорӣ тибқи супориши раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид, ҳайати кории Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон бо мақсади санҷиш ва таҳкими фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ дар самти татбиқи "Соли фарҳанги китобхонӣ" ба Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварданд.

Ҳадаф аз ин ташриф санҷиши ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ, баҳогузорӣ ба фаъолияти кормандон, шиносоӣ бо шароити мавҷудаи китобхона ва мусоидат ба беҳбуд бахшидани сатҳи хизматрасонии фарҳангӣ ба аҳолӣ мебошад.

Намояндагони Раёсати фарҳанг зимни боздид бо масъулини китобхона мулоқот анҷом дода, оид ба дастуру ҳидоятҳои ахири роҳбарияти вилояти Хатлон дар мавриди густариши маърифатнокии ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи китобхонӣ миёни табақаҳои гуногуни аҳолӣ иттилоъ доданд. Таъкид гардид, ки эълон гардидани "Соли фарҳанги китобхонӣ" на танҳо як ташаббуси фарҳангӣ, балки як иқдоми муҳими миллист, ки ҳадафи он бозгардонидани нуфузи китоб дар ҳаёти ҷавонон ва вусъат бахшидани маънавиёти ҷомеа мебошад.

Дар ҷараёни санҷиш, фаъолияти китобхона аз лиҳози тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, бойгонии китобҳо, баргузории чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ ва ҷалби хонандагон мавриди таҳлил қарор гирифт. Гурӯҳи корӣ ба масъулин пешниҳодҳо ва тавсияҳои зарурӣ барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи корбарӣ ироа намуд. Ин гуна ташрифҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ идома хоҳанд ёфт ва баҳогузорӣ ба фаъолияти китобхонаҳо дар заминаи натиҷаҳои мушаххас сурат хоҳад гирифт.


Баргаштан
1-05-2025, 08:25