"ОИЛАИ БЕҲТАРИН" - ОЗМУНЕ БАРОИ ТАРҒИБИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА АХЛОҚӢ


                       

                 "ОИЛАИ БЕҲТАРИН" - ОЗМУНЕ БАРОИ ТАРҒИБИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА АХЛОҚӢ

         Рӯзи 23 апрели соли 2025 дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, даври ноҳиявии озмуни «Оилаи беҳтарин» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, аз ҷумла Шукурзода Шаҳло - муовини раиси ноҳия ва Риоева Ҷавоҳир - сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроия ширкат варзиданд.

 Озмуни мазкур бо ҳадафи таҳкими арзишҳои миллӣ ва маънавии зиндагии оилавӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандон, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим миёни аҳолӣ роҳандозӣ гардид. Ҳамзамон, он ба боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон, омода сохтани ҷавонон ба зиндагии мустақилона ва тақвияти эҳсоси масъулият дар баробари нигоҳубини падару модар равона шудааст.

Дар ҷараёни озмун оилаҳои намунавӣ аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуда, бо зоҳир кардани маҳорати идоракунии рӯзгор, тарбияи дурусти фарзандон ва риояи арзишҳои ахлоқиву фарҳангӣ миёни ҳам рақобат намуданд. Дар натиҷа, беҳтарин оилаҳо интихоб ва бо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ин чорабинӣ гувоҳи он аст, ки таҳкими фарҳанги оиладорӣ ва дастгирии оилаҳои солим яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии ноҳия ба ҳисоб меравад.




Баргаштан
1-05-2025, 08:30