ШАНБЕГИИ БАҲОРӢ - РАМЗИ ҲАМДИЛӢ ВА МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ


                                   ШАНБЕГИИ БАҲОРӢ - РАМЗИ ҲАМДИЛӢ ВА МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ

   Субҳи рӯзи 26 апрели соли 2025 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва бо иштироки фаъолонаи кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаи коммуналӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар сохторҳои марбута, шанбегии умуминоҳиявӣ доир гардид. Ин иқдоми ҷамъиятӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ, тозагии муҳити зист ва тайёрӣ ба фасли баҳору тобистон сурат гирифт. Мақсад аз баргузории шанбегӣ - тоза нигоҳ доштани муҳити зист, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги экологии аҳолӣ ва фароҳам овардани муҳити зебову мусоиди зист барои сокинон мебошад. Дар рафти шанбегӣ кӯчаи марказии ноҳия, атрофи биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, боғу гулгаштҳо, хиёбонҳо ва шоҳроҳҳои асосии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза карда шуданд. Ҳамзамон, дарахтони сояафкану мевадиҳанда сафед карда шуда, гулҳои мавсимии ороишӣ дар мавзеъҳои муайян шинонида шуданд. Обмонии мунтазами гулҳо, буттаҳо ва дарахтон низ ба роҳ монда шуд, ки ба зебоии табиӣ ва сарсабзии муҳити атроф мусоидат менамояд. Бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ ба чунин ташаббусҳои ҷамъиятӣ, роҳбарияти ноҳия иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо мунтазам ҳамарӯза идома хоҳад ёфт. Онҳо таъкид намуданд, ки тозагӣ кафили саломатӣ ва ободии Ватан аст. Гуфта шуд, ки ин гуна шанбегиҳо на танҳо симои зебои ноҳияро таъмин менамоянд, балки дар таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстии сокинон нақши муҳим мегузоранд.


Баргаштан
1-05-2025, 08:37