ҲАШАРИ ҲАМАРӮЗАИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯ ВУСЪАТ МЕЁБАД


                                ҲАШАРИ ҲАМАРӮЗАИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯ ВУСЪАТ МЕЁБАД

   Бо мақсади зебо гардонидани муҳити зист, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон нисбат ба ободонии маҳал ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳар рӯз ҳашарҳои дастаҷамъонаи ободонӣ доир мегарданд.

Ин иқдом бо ҷалби васеи кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ амалӣ шуда, ба як анъанаи нек дар ноҳия табдил ёфтааст. Имрӯз, 23 апрел, дар маркази шаҳраки Балх бо иштироки намояндагони соҳаҳои гуногун - аз ҷумла маориф, тандурустӣ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, мактаби варзишӣ ва Клуби “Панҷшер” ҳашари ободонӣ доир гардид.

Дар доираи ин ҳашари дастаҷамъона, шинондани гулҳои ороишӣ ва ниҳолони ҳамешасабз ба роҳ монда шуда, ҳамчунин алафҳои бегона тоза ва майдончаҳо обёрӣ карда шуданд. Иштирокчиёни чорабинӣ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси масъулиятшиносӣ дар ин амали созанда саҳм гузошта, изҳор доштанд, ки чунин ташаббусҳо на танҳо ба зебогии муҳит, балки ба таҳкими эҳсоси ҳамдигарфаҳмӣ ва якпорчагии ҷомеа низ мусоидат мекунанд.

Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузории чунин чорабиниҳоро идомаи мантиқии ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҷассуми амалии сиёсати “Ободӣ аз худи мо сар мешавад” арзёбӣ намуда, аз сокинон даъват ба амал меорад, ки дар ободонии диёри худ саҳмгузор бошанд.


Баргаштан
1-05-2025, 08:40