ТАРЗИ ҲУҶҶАТГУЗОРӢ ВА ТАЛАБОТИ ОЗМУН ДАР СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ |
ТАРЗИ ҲУҶҶАТГУЗОРӢ ВА ТАЛАБОТИ ОЗМУН ДАР СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ Рӯзи 22 апрели соли 2025 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ семинари омӯзишии ноҳиявӣ баргузор гардид. Дар он муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Шукурзода Шаҳло, намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия ва муассисаи таҳсилоти иловагӣ, омӯзгорон ва хонандагони фаъоли тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуданд. Мақсади асосии баргузории семинар омодасозии фаъолон барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, расондани тарзу усули дурусти ҳуҷҷатгузорӣ ва пешниҳоди корҳои эҷодӣ ба масъулин буд. Мутахассисони соҳа иштирокчиёнро бо номгӯи номинатсияҳои озмун, талаботи асосӣ, усули таҳияи корҳо, тартиби пешниҳоди мавод ва ҳуҷҷатҳо шинос намуданд. Муовини раиси ноҳия Шукурзода Шаҳло дар суханронии худ таъкид намуд, ки баргузории чунин семинарҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, боло бурдани завқи китобхонӣ ва рушди қобилиятҳои эҷодии хонандагон аҳамияти калон дорад. Хонандагон бо ҳавасмандӣ иштирок намуда, саволҳои худро оид ба ҷараёни озмун ва ҳуҷҷатгузорӣ пешниҳод карданд, ки аз ҷониби мутахассисон ҷавобҳои муфассал гирифтанд. Дар фарҷом таъкид гардид, ки иштироки фаъол ва пурмазмуни хонандагон дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ - китоб аст” метавонад на танҳо ба ғолибият, балки ба ташаккули ҷаҳонбинии васеъ ва малакаҳои эҷодии онҳо мусоидат намояд. Баргаштан |
1-05-2025, 13:44 |