ВАТАНРО АЗ НОХАЛАФОН МУҲОФИЗАТ МЕКУНЕМ! |
ВАТАНРО АЗ НОХАЛАФОН МУҲОФИЗАТ МЕКУНЕМ! Ватан-Модар. Агар мо то сесолагӣ аз модар шир нӯшида баҳра бурда калон шавем, баъди он аз обух оку нони Ватан баҳра бурда, ҷавонмард мешавем. Бинобар ин онҳое, ки ба Ворух ба Ватан-Модари мо даст дароз мекунанд, ҷои нангу номус , дифоъ аз модар ва зану фарзанд аст. Модароне, ки чунин ҷавонмардонро тарбия кардаанд ва дар роҳи Ватан-Модар ҷони худро қурбон кардаанд, аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонем. Он ҷавонмардон барои осоиши мо ва барои Ватани зебои мо, ки дар як муддати кӯтоҳ ин қадар пешравиҳост ҷонбозиҳо карданд. Дар ашъори шоирон ҳикмати ҷолибе аст, ки хонандаро ба ватандорию ватандӯстӣ даъват мекунад: Ҳанузам зи хурдӣ ба хотир дораш, Ки дар лонаи мокиён бурда даст. Бо минқораш он сон ба сахтӣ газид, Ки ашкам чу хун аз раг он дам дамид. Падар ханда бар гиряам зад, ки хон, Ватандорӣ омӯз аз ин мокиён. Дастдарозӣ бар Ворух ин даст дарозӣ кардан бар модари мо ва бар лонаи мо мебошад. Барои ҳар яки мо фарзу қарз аст, ки Ватанро аз чунин нохалафон муҳофизат кунем! Маҳсуддин ҶОНАКОВ, имомхатиби масҷиди ҷомеъи Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Баргаштан |
28-09-2022, 09:32 |