ҒОЛИБИ ҶОЙИ З-ЮМ ДАР ФЕСТИВАЛИ "БЕҲТАРИН АРМУҒОН"


                                    ҒОЛИБИ ҶОЙИ З-ЮМ ДАР ФЕСТИВАЛИ "БЕҲТАРИН АРМУҒОН"

        Имрӯз, 8 уми майи соли равон дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар даври вилоятии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин армуғон” баргузор шуд.

Дар баробари дигар ҳунармандони шаҳру навоҳии вилоят аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ ҳунармандон ширкат варзида, ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Ифтихори сокинони ноҳия аст, ки аз ҷониби ҳайати ҳакамон Ҷобирова Шабнам - ҳунарманд аз ноҳия аз руйи номинатсияи "Армуғони минтақавӣ" сазовори ҷойи сеюм гардида бо дипломи дараҷаи 3 сарфароз гардонида шуд. Қайд гардид, ки фестивал бо ҳадафи тарғиби анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангии миллат баргузор гардида, дар он беҳтарин намунаҳои армуғонҳо, аз ҷумла маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, либосҳои миллӣ ва ашёи ороишӣ ба намоиш гузошта шуданд.


Баргаштан
Вчера, 15:21