БА ҚАДРИ ЗАҲМАТҲОИ ШАБОНАРӮЗИИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ БОЯД РАСИД! |
БА ҚАДРИ ЗАҲМАТҲОИ ШАБОНАРӮЗИИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ БОЯД РАСИД Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи тоҷик, мояи ифтихору сарбаландӣ, нангу номуси хурду бузурги мамлакат ва сарчашмаи тамоми пешрафту комёбиҳои мардуми шарифи кишвар мебошад. Раванду руйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза ба ҳар яки мо ҳушдор медиҳанд, ки барои ҳифзи Ватани азизамон сина сипар намоем. Дар давоми 31 соли Истиқлолияти давлатӣ мардуми сарбаланди тоҷик бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин рӯзҳои шараф расидааст. Мо бояд ба тарғибу ташвиқи моҳияти давлату давлатдории муосири миллӣ, эҳтироми волоияти қонун, қадру қимати сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, яъне дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа диҳем. Мо ҳамеша тарафдори сулҳу ваҳдат ҳастем ва хоҳем монд. Пешвои мо - ифтихори мо! Ғоибназарзода Мирзо Муҳаммадназар, директори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Баргаштан |
29-09-2022, 09:24 |