Рӯзи гиромидошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ |
Рӯзи гиромидошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Санаи 30 сентябр Рӯзи гиромидошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхист. Шоире, ки бо гусазшти солҳо меҳраш ба қалби ҳамагон шӯъла мепошад ва ҳамасола беш аз соле қабл дар борааш мегӯянду менависанд. Ҷалолиддини Румӣ осори бое дар ганчинаи маданияти умумиҷаҳонӣ боқӣ гузоштааст. Вай мутафаккири бузурги замонаш буда, ки дар инкишофи озодфикрӣ ва тараққиёти тафаккури назарявӣ хизмати бузурге дошт. Мероси адабии Мавлоно Балхӣ хеле пурсарват ва рангоранг мебошад. Он аз ҷиҳати нави сухан назму насро ташкил медиҳад. Дар арсаи суханварӣ ҳамчун худованди беҳамтои мамлакати ишқу зебоӣ шинохта шудааст. Ӯ инсонро бузургтарин муҷизаи офариниш мешуморид ва ягонагию иттифоқу ҳамбастагии онҳоро тарғиб менамуд.Сулҳу оштӣ, ишқу ошиқи ба ақидаи Мавлоно қодир аст, заминро ба осмон хешу табор гардонад. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ шоир мутафаккири бузурги асри XIII – и форсу тоҷик соли 1207 дар Бал таваллуд шуда, дар ҷимодиюлохири соли 672 – и ҳиҷри дар Қуния чашм аз ҷаҳон фурӯ баст. Санаи 21 марти соли 2022, бо ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо дастури Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ як каф хок ба марқади Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оварда шуд ва тибқи муқаррароти дини мубини ислом бо риояи аркони суннатии мо ба оромгоҳи Ӯ гузошта шуд, ки минбаъд ихлосмандон ва ҳаводорони ашъори пурғановати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ метавонанд онро зиёрат намоянд. Мақбараи олим ва донишманди тоҷик дар ҳудуди “Гулгашти Балхӣ” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгир мебошад.
Зуҳро Атабаева сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Баргаштан |
30-09-2022, 12:55 |