70 НАФАР ҶАВОНОНИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ САФАРБАР КАРДА ШУД!


70 НАФАР ҶАВОНОНИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ САФАРБАР КАРДА ШУД!

   Моҳҳои октябр-ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонписароне, ки то рӯзи даъват ба синни 18-солагӣ мерасанд, инчунин шаҳрвандни синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд. Санаи 1 октябри соли 2022 дар рӯзи аввали маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар саҳни Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин рӯз аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 70 нафар ҷавонони шуҷои Ватан бо хоҳиши худ ба Комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда буданд. Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло оид ба дӯст доштани Ватан ва чун гавҳараки чашм муҳофизат намудани он сухан ронда, иброз дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шараф ва номуси ҳар як ҷавонмарди содиқи Ватан ба ҳисоб меравад. -Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити тамоми қисмҳои низомии ҷумҳурӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ буда, баҳри хизмати ҷавонон ҳамаи имкониятҳои муфид фароҳам оварда шуданд,-афзуд раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдуллои Файзулло. Дар чорабинӣ ба наваскарон туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд. Инчунин ба 60 нафар даъватшаванда шаҳодатномаҳои ронандагӣ дода шуд. Бо ташаббуси масъулини Ҷамоати шаҳраки Балх як нафар даъватшавандаро маҳз дар ҳамин рӯз маросими никоҳашро таъин намуда, ба ин оилаи нав шаҳоданомаи ақди никоҳ ройгон дода шуд. Дар охир ҳунармандони бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо барномаи консертӣ, ки аз суруду таронаҳои ватандӯстона иборат буд, хотири ҳозиринро болида гардониданд.

Навиди Балх

 



 

 

 


Баргаштан
6-10-2022, 06:50