ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАВЛОНО ВА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ!


           

  ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАВЛОНО ВА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ     Дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рӯзи 30-юми сентябри соли 2022 дар толори Мактаби байналмилалии Президентӣ бахшида ба 815-солагии шоир ва мутафаккири адабиёти тоҷику форс- Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Мавлоно нобиғаи машриқзамин» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон Давлатзода Қосимбек, роҳбари маҳфили «Бонги най» дар шаҳри Бохтар Сайҳомиддин Назруллоев, мавлоношинос Амиршоҳи Мунаввар, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок доштанд. Дар оғоз меҳмонон дар назди муҷассамаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ гулчанбар гузошта, аз Мақбараи рамзӣ ва Хона-музейи ин мутафаккири бузург дидан намуданд. Раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло суханронӣ намуда, аз номи ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони ноҳияро ба ин рӯзи фархунда табрик намуд. Меҳмонон Амиршоҳи Мунаввар ва Сайҳомиддин Назруллоев низ дар навбати худ суханронӣ намуда, аз некукориву некгуфтории Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ёдовар шуданд. Гуфта шуд, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Вахшонзамин таваллуд ёфта, минбаъд дар Руму Шом таҳсили илм кард ва дар тӯли ҳаёти бобаракати хеш асарҳои оламшумул эҷод намуд, ки имрӯз ба туфайли осори пурарзиш ва гаронмояи худ машҳури дунё мебошад. Ин орифи барҷаста бо намояндагони қавму миллат ва мазҳабҳои гуногун дар муносибат наздик буда, дар осори худ инсониятро ба ҳамдиливу ҳамбастагӣ даъват мекунад. Сипас ба ғолибони озмуни ноҳиявии «Мавлавихонӣ», ки бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор шуда буд, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Диплом, мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Дар қисмати дуюми чорабинӣ бахшида ба «Рӯзи омӯзгорон» мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ҳакимзода Хайрулло суханронӣ намуда, омӯзгоронро ба иди касбиашон табрик намуда, дар ҷодаи пурифтихори таълиму тарбияи насли наврас барору комёбиҳо орзу намуд. Ҳакимзода Хайрулло қайд кард, ки омӯзгор дар ҳама давру замон қувваи пешбаранда ва фаъоли ҷомеа буда, дар рушди устувори он мақоми муҳимеро доро мебошад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаи ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад». Дар фарҷом як қатор омӯзгорону директорони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони муассисаҳои томактабӣ ба нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Ифтихорномаи муштараки Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм ва Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Ифтихорномаи шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун

 

 

                                                                                                                                                       


Баргаштан
6-10-2022, 07:14