АЗ ЯК ЗАМИН ГИРИФТАНИ ДУ-СЕ ҲОСИЛ - МАРОМИ ДЕҲҚОНОН


                                    АЗ ЯК ЗАМИН ГИРИФТАНИ ДУ-СЕ ҲОСИЛ - МАРОМИ ДЕҲҚОНОН

            Имрӯз, дар шароити тағйирёбандаи иқлим ва ниёзҳои афзояндаи бозор, роҳи беҳтарини таъмини боз ҳам бештар шудани маҳсулоти кишоварзӣ - истифодаи оқилона аз ҳар порча замин аст. Яке аз намунаҳои ибратомӯзи чунин муносибатро метавон дар Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мушоҳида кард.

Дар ин ҷамоат 15 деҳа мавҷуд аст ва дар онҳо беш аз 640 хоҷагии деҳқонии фермерӣ фаъолият мекунад. Ин хоҷагиҳо бо истифода аз таҷрибаҳои муосир ва технологияи нав кӯшиш доранд, ки ҳосилнокии заминро афзоиш диҳанд ва аз як порча замин ду ё се ҳосил ба даст оранд. Яке аз хоҷагиҳои фаъол ва пешсафи ҷамоат Хоҷагии деҳқонии фермерии “Раҳмон” мебошад, ки дар деҳаи Ғайрат ҷойгир аст. Ин хоҷагӣ соли 2009 таъсис ёфта, 44 гектар заминро дар ихтиёр дорад.

Зери роҳбарии Қултаев Шуҳрат, хоҷагӣ ҳар сол ба парвариши зироатҳои гуногун машғул мешавад - аз ҷумла пахта, гандум, ҳандала, тарбуз ва дигар намуди полезиҳо. Тавре раиси хоҷагӣ Қултаев Шуҳрат изҳор медорад, соли ҷорӣ бо истифода аз усули обёрии қатрагӣ, дар парвариши зироатҳо муваффақияти хуб ба даст овардаанд.

Ба гуфтаи ӯ ин усул на танҳо захираи обро сарфа мекунад, балки монеъи шӯршавии замин низ мегардад. Дар ҳамин сол дар хоҷагӣ дар 2 гектар ҳандалаи навъи “Красний мяса”, инчунин дар 40 сотих замин тарбуз ва пиёзи тезпазак шинонида шудааст. Бо истифодаи обёрии қатрагӣ ҳосили хеле хуб ба даст омад, ки ин далели равшани самарабахш будани чунин технологияи обёрӣ мебошад. Тибқи иттилои масъулини Ҷамоати Маданият, дар умум, кишти полезиҳо дар ҷамоат соли ҷорӣ 230 гектарро дар бар гирифтааст. Ҳадафи асосии деҳқонон истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замин ва ба даст овардани ду-се ҳосил дар як сол аст.


Баргаштан
Вчера, 15:23