ЗАНИ ДАР СУҲБАТИ СОҲИБДИЛУ НЕКНОМ!


                     ЗАНИ ДАР СУҲБАТИ СОҲИБДИЛУ НЕКНОМ

   Арҷгузории баланд ба Зан-Модари тоҷик бе замина нест, зеро ӯст, ки бузургону нобиғагони зиёдро ба олам додааст, яъне саҳми бузурге дар тарбияту камолоти онҳо ва бад-ин васила дар маънавиёти башар гузоштааст. Меҳмонгул Гулмуродова яке аз занҳои поксиришт, поктинат ва соҳибэҳтиром дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. Номбурда 10 феврали соли 1940 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, соли 1954 дар синни        14 - солагиаш ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  меоянд. Бояд  гуфт,  ки  холаи  Меҳмонгул  8  фарзанд,      4 писар ва 4 духтарро ба дунё оварда, онҳоро бо меҳнати ҳалол, шабҳои бехобӣ ва дуову каломи нек ба камол расонидааст, ки имрӯзҳо фарзандонашон дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият намуда истодаанд. Рӯзи 5 октябри соли равон муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат ва мудири шуъбаи маориф Ҳакимзода Хайрулло ба аёдати ин зани собиқадори меҳнат -холаи Меҳмонгул Гулмуродова рафта, бо ин зани соҳибдил ҳамсуҳбат шуданд. Холаи Меҳмонгул аз рӯзгори неки гузаштаи хеш қиссаҳои аҷиб нақл намуда, аз ҷумла барои эҳтироми зан-Модар чунин ибрози андеша намуд: «Модар бузургу муқаддас аст, дуои неки ӯ инсонро аз ҳамаи баду бало нигаҳбон мешавад, ба кас қувваю илҳом мебахшад ва ба сӯи корномаҳои бузург раҳнамун месозад. Ҳатто гармии офтоб ба ҳарорати сӯзони қалбу муҳаббати модар нисбат ба фарзанд баробар шуда наметавонад. Бино бар ин, ҳамеша ба модарони худ арҷ гузоред, эҳтироми онҳро ба ҷо оваред, то баъди сари онҳоро пушаймон нашавед».

 

 

 


Баргаштан
6-10-2022, 08:08