ШАНБЕГИИ УМУМӢ БО ИШТИРОКИ ВАСЕИ КОРМАНДОН ВА АҲОЛӢ


                                           ШАНБЕГИИ УМУМӢ БО ИШТИРОКИ ВАСЕИ КОРМАНДОН ВА АҲОЛӢ

            Имрӯз, 19 июли соли 2025 бо ҳадафи ободу зебо гардонидани муҳити зист, тарғиби фарҳанги созандагӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ нисбат ба тозагӣ ва сарсабзии маҳалли зист, дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти он шанбегии умумӣ доир гардид.

Дар ин иқдоми ҷамъиятӣ кормандони ҳамаи корхонаҳо, муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ, инчунин аҳолии маҳаллӣ ширкат варзида, дар тоза кардани кӯчаву хиёбонҳо, ҳашари оммавӣ, обёрии ниҳолҳо ва гулҳо, рафъи партовҳо, таъмиру рангубори деворҳои атрофи корхонаҳо ва дигар корҳои ободонӣ саҳмгузор шуданд. Шанбегӣ ба таври ҳамоҳангшуда дар шоҳроҳҳои асосӣ, атрофи биноҳои маъмурӣ, мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, маориф ва ҷойҳои ҷамъиятӣ баргузор гардида, ба симои зоҳирии ноҳия ҷиҳати тозагӣ ва зебоӣ таъсири назаррас гузошт.

 Баргузории чунин чорабиниҳо на танҳо муҳити зистро ободу покиза мегардонад, балки ба таҳкими ҳамбастагии сокинон ва баланд бардоштани маданияти экологии ҷомеа мусоидат мекунад. Чунин шанбегиҳои оммавӣ дар ноҳия дар доираи ташаббусҳои роҳбарияти мамлакат ҷиҳати сарсабзу зебо гардонидани ҳар гӯшаи Тоҷикистони азиз ва омодагӣ ба ҷашнҳои давлатӣ амалӣ шуда, минбаъд низ идома хоҳад ёфт.


Баргаштан
28-07-2025, 11:18