"АНГУРБОҒ" - НАМУНАИ МУВАФФАҚИ РУШДИ АНГУРПАРВАРӢ ДАР НОҲИЯ


                                "АНГУРБОҒ" - НАМУНАИ МУВАФФАҚИ РУШДИ АНГУРПАРВАРӢ ДАР НОҲИЯ

         Ангур - яке аз қадимтарин ва арзишмандтарин зироатҳои кишоварзӣ ба ҳисоб меравад, ки дар таъриху фарҳанги мардуми тоҷик ҷойгоҳи махсус дорад. Ин меваи шифобахш ва серғизо на танҳо дар ҳолати тару тоза, балки дар шакли хушкшуда ва маҳсулоти саноатии коркардшуда низ мавриди истифода қарор мегирад.

 Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик аз замонҳои қадим навъҳои гуногуни хушсифати ангурро бо меҳнати баланд парвариш намуда, онро ҳамчун як арзиши фарҳангӣ ва иқтисодӣ аз насл ба насл интиқол додаанд. Дар ҳамин замина, соли 2014 дар деҳаи Ҳаёти нави Ҷамоати деҳоти Навоии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кооперативи истеҳсолии “Ангурбоғ” таъсис дода шуд. Ин кооператив 21 гектар замини киштро фаро гирифта, айни замон ба яке аз намунаҳои муваффақи рушди ангурпарварӣ дар минтақа табдил ёфтааст. Сардори кооператив Сайёра Усмонова мебошад ва 20 нафар саҳмдорон дар он фаъолона иштирок доранд.

Дар боғи ангури кооператив беш аз 9 навъи ангури хушсифат парвариш карда мешаванд. Аз ҷумла, навъҳои маъруфу серхаридори “Дамской лапочка”, “Ҳусайнии сафед”, “Оқ пар”, “Шиҳона”, “Победа”, “Кишмиши сиёҳ ва сафед”, “Хитоӣ” ва дигарҳо дар ин ҷо рӯёнда мешаванд. Меҳнати пайваста ва таҷрибаи кишоварзони маҳаллӣ имкон додааст, ки ҳамасола аз ин заминҳо ҳосили фаровону босифат ба даст ояд. Айни ҳол мавсими пухтарасии ангур фаро расидааст ва ҷамъоварии ҳосил дар авҷ қарор дорад.

Барои таъмини раванди бетанаффуси ҷамъоварӣ, роҳбарияти кооператив кормандони мавсимӣро аз маҳаллаҳои наздик ба кор ҷалб карда, барои онҳо шароити мусоид, аз ҷумла хӯроки гарми ҳаррӯза ва музди меҳнати хуб муҳайё кардааст. Ангури ҷамъоваришуда ба шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, инчунин ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ интиқол дода мешавад.

 Дар баробари бозори дохилӣ, роҳбарияти кооператив дар соли ҷорӣ ният дорад, ки зиёда аз 100 тонна ангур ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қазоқистон ва шаҳри Москваи Федератсияи Русия содирот намояд. Ин иқдом метавонад на танҳо фоидаи иқтисодии хоҷагӣ ва саҳмдоронро афзоиш диҳад, балки ҳамчун намунаи хуби содироти маҳсулоти ватанӣ хидмат кунад. Кооперативи “Ангурбоғ” на танҳо барои таъмини бозори дохилӣ бо ангури босифат саҳми назаррас мегузорад, балки дар рушду таҳкими иқтисоди маҳаллӣ, фароҳамсозии ҷойҳои корӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим мебозад.

Чунин ташаббусҳо бояд ҳамаҷониба дастгирӣ ёбанд, то ки имкониятҳои зиёди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон пурра истифода шаванд ва содироти маҳсулоти ватанӣ дар сатҳи байналмилалӣ бештар гардад.  


Баргаштан
28-07-2025, 11:28