ЗАХИРАИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ - КАФОЛАТИ АМНИЯТИ ОЗУҚА ДАР ФАСЛИ ЗИМИСТОН


                            ЗАХИРАИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ - КАФОЛАТИ АМНИЯТИ ОЗУҚА ДАР ФАСЛИ ЗИМИСТОН

              «Захираи маводи озуқа, аз ҷумла маҳсулоти аввалия, бояд яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳар як хонавода ва мақомоти маҳаллӣ бошад, то ки дар фасли сармо мушкилот пеш наояд». Эмомалӣ РАҲМОН Дар тақвияти гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо фаро расидани мавсими тирамоҳ, марҳилаи муҳими захираи маҳсулоти кишоварзӣ барои давраи зимистон дар саросари кишвар оғоз меёбад.

Сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ анъанаву таҷрибаи деринаи худро дар ин самт идома дода, ҳар сол бо роҳҳои гуногун маҳсулоти хӯрокаро барои истифода дар фасли сармо омода мекунанд. Тибқи маълумот ва мушоҳидаҳо, захирасозии маҳсулот дар ноҳия бо истифода аз усулҳои гуногун, аз ҷумла хушконидан, нигаҳдорӣ дар шароити сардхонаҳо ва консервакунии дастӣ ба роҳ монда мешавад.

Аз меваю сабзавоти тару тоза, махсусан помидору бодиринг, карам ва дигар зироатҳои баҳорӣ, сокинон консервҳо, афшураҳо, мураббо, шарбат ва хӯришҳои гуногун омода месозанд. Ин тадбир на танҳо барои таъмини хонаводаҳо бо маҳсулоти солиму табиӣ дар фасли сармо муҳим аст, балки як навъ идомаи фарҳанги кадбонугии мардумӣ низ ба ҳисоб меравад. Занону духтарони ноҳия бо эҳтироми қоидаҳои санитариву гигиенӣ ва бо истифода аз маслиҳатҳои калонсолон ва нафарони таҷрибадор, ба омода кардани маҳсулоти консервашуда машғуланд.

Ҳар сол дар оғози мавсими ҳосилғундорӣ, ки давраи фаровонии маҳсулоти табииро дар бар мегирад, хонаводаҳо мекӯшанд, ки маҳсулоти серғизо ба мисли меваҳои тар, сабзавот ва зироатҳои боғу заминро дар ҳаҷми кофӣ ҷамъоварӣ ва захира кунанд. Ҳамингуна, то фаро расидани мавсими баҳор, сокинон метавонанд бо маҳсулоти табиӣ ва худсохт дастархони худро ғанӣ нигоҳ доранд. Ин раванд инчунин як навъ саҳмгузорӣ дар амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад, зеро ҳангоми зимистон нархи маҳсулоти хӯрока дар бозорҳо боло рафта, дастрасӣ ба маҳсулоти тару тоза камтар мешавад. Ба ҳамин хотир, захира кардани маҳсулоти кишоварзӣ дар хонаҳо ҳамчун як тадбири оқилона ва иқтисодӣ арзёбӣ мегардад.

Мақомоти маҳаллӣ низ аз чунин иқдомҳо пуштибонӣ карда, бо роҳандозии чорабиниҳои иттилоотӣ ва таълимӣ барои баланд бардоштани маърифати кадбонуҳо ва ҳавасмандии онҳо кумак мерасонанд. Дар маҷмуъ, таҷрибаи чандинсолаи мардум дар самти захираи маҳсулот нишон медиҳад, ки ин амалиёт на танҳо шароити зиндагии зимистонии хонаводаҳоро беҳтар месозад, балки фарҳанги истифодаи самараноки неъматҳои табиатро миёни насли ҷавон рушд медиҳад.


Баргаштан
29-07-2025, 07:50