ИҚДОМИ ОБОДОНИВУ ЧАРОҒОНКУНӢ ДАР ШОҲРОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НОҲИЯ


                            ИҚДОМИ ОБОДОНИВУ ЧАРОҒОНКУНӢ ДАР ШОҲРОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НОҲИЯ

      Рӯзҳои 22 ва 23 июли соли 2025 дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ як қатор корҳои ободонӣ роҳандозӣ гардиданд. Ин иқдом бо ташаббуси сархатиби ноҳия Асоев Ҳикматулло ва бо дастгирии фаъолонаи сокинони маҳаллӣ амалӣ шуда, ба равшаннамоии шабонаи шоҳроҳи байналмилалӣ, ки аз ҳудуди ҷамоат мегузарад, нигаронида шудааст. Дар доираи ин тадбирҳо то имрӯз 30 адад симчӯбҳои оҳанин барои чароғонкунии роҳ шинонида шуда, барои насби системаи равшанидиҳии муосир заминаи зарурӣ фароҳам оварда шуд.

Иқдоми мазкур бо иштироки васеи сокинон ва ҷонибдорони рушди муҳити зист сурат гирифта, дар руҳияи ҳамбастагӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ баргузор гардид. Ба гуфтаи масъулин, татбиқи чунин лоиҳаҳо дар ноҳия ҷиҳати беҳтар гардондани шароити зист, таъмини амнияти ҳаракат дар шабона ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ нақши муассир доранд. Сокинон бо арзи миннатдорӣ аз дастгирии сархатиби ноҳия ва ташкили чунин амалҳои ҷамъиятӣ изҳори умед карданд, ки ин гуна иқдомҳо дар дигар минтақаҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ вусъат хоҳанд ёфт.

 

 

 


Баргаштан
31-07-2025, 13:34