МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ


                                      МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ

            Чанде пеш дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ машғулияти муҳиме доир ба мавзӯи мубориза бо терроризм ва    экстремизм  баргузор  гардид,  ки  дар  он  муовини  раиси  ноҳия  Қурбонзода Қурбоналӣ, кормандони мақомоти иҷроия ва масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ширкат варзиданд. Машғулияти мазкур дар заминаи татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими амнияти миллӣ ва пешгирии таҳдидҳои замони муосир, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ, ташкил ва баргузор гардид. Мақсади аслии ин нишаст баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва масъулини маҳаллӣ дар робита ба хатари ин зуҳуроти хавфнок ва ҷалби ҷомеа ба муборизаи дастаҷамъона бо онҳо мебошад.

Муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ дар суханронии худ таъкид намуд, ки терроризм ва экстремизм имрӯзҳо ҳамчун хатарҳои глобалӣ на танҳо ба амнияти давлатҳо, балки ба суботи ҷомеа, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ таҳдид мекунанд. Гуфта шуд, ки танҳо бо саъю кӯшиши муштарак, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсию ҳуқуқии шаҳрвандон метавон аз паҳншавии чунин падидаҳои номатлуб ҷилавгирӣ кард.

Дар рафти машғулият иштирокчиён дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар пешгирии идеяҳои террористӣ маълумоти муфассал гирифтанд. Инчунин, ба масъулини ҷамоатҳо тавсия дода шуд, ки дар байни сокинон, хусусан ҷавонон, корҳои фаҳмондадиҳиро мунтазам гузаронанд ва бо омӯзгорон, волидон ва имомхатибон ҳамкориро тақвият бахшанд. Машғулият дар фазои озод ва мубодилаи назар баргузор гардида, иштирокчиён ба саволҳои худ посухи муфассал гирифтанд. Чунин машғулиятҳо барои таҳкими шуури ҷамъиятӣ ва тақвияти ҳушёрию зиракии сиёсии аҳолӣ аҳамияти хеле зиёд доранд.

 


Баргаштан
Вчера, 12:03