БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ ИДОРАВӢ ОИД БА КОНСТИТУТСИЯ


                                      БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ ИДОРАВӢ ОИД БА КОНСТИТУТСИЯ

   Санаи  29 июли соли 2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тибқи нақша машғулияти идоравӣ бахшида ба мавзуи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин рӯз роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Латиф Эраҷ иштирок ва суханронӣ намуда, аҳамияти Конститутсияро ҳамчун санади олии ҳуқуқии кишвар таъкид кард.

Ӯ зикр намуд, ки Қонуни асосӣ дар баробари пояи ҳуқуқии давлатдорӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, инчунин самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро муайян намуда, баҳри пешрафту шукуфоии мамлакат саҳми калон дорад.

Дар рафти вохӯрӣ, ки бо ширкати васеи кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони ташкилоту идораҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор шуд, масъалаҳои марбут ба татбиқи амалии меъёрҳои Конститутсия дар ҳаёти рӯзмарраи шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳадафи баргузории ин машғулияти идоравӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ, ҷалби диққати онҳо ба арзишҳои конститутсионӣ ва таъмини иҷрои босамари қонунгузорӣ дар тамоми зинаҳои идоракунии давлатӣ арзёбӣ гардид.


Баргаштан
Вчера, 12:15