ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР |
ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад…». Эмомалӣ РАҲМОН Ифротгароӣ ва терроризм - зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср бо амалҳою ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлатҳо таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро аз байн мебаранд. Ҳол он ки ҳеҷ як шакли ҷомеа бидуни таъмини амнияти пурраи иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард. Падидаи номатлуби терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст. Тибқи маълумотҳо дар зарфи солҳои охир зиёда аз садҳо мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ ҳазорҳо-ҳазорҳо нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Воқеан, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ занону кӯдакон ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд, зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда ба садҳо миллиард доллар баробар мебошад. Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарҳои зиёдеро дар пай дошта, на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ, балки сабаби хурӯҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардида, солимии ҷомеаро зери суол мебарад, инчунин, хисоротҳои буҷавии зиёдеро ба бор меорад. Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад. Имрӯз барои муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм санадҳои байналмилалӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд. Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он аз ҷумлаи ин санадҳо мебошад. Стратегия мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст. Стратегия дар самти таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, васеъ намудани заминаҳои ҳуқуқӣ-байналмилалӣ, тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаи муқовимат ба экстремизм, терроризм, сепаратизми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигари хусусияти байналмилалидоштаро фаро мегирад. Инчунин такмили ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ ва ташкилоту хадамоти махсусгардонидашудаи байналмилалӣ доир ба ташкили муқовимат ба экстремизм ва терроризм, аз ҷумла оид ба масъалаҳои пайгирӣ ва назорат бурдан ба ҷойивазкунии экстремистони таҷовузкор, мусоидат ба тақвияти зарфиятҳои субъектони муқовимат ба экстремизм ва терроризм, муҳимтарин масъалаҳое мебошанд, ки инъикоси худро дар стратегия ёфтаанд. Муносибатҳои байналмилалӣ, ки дар солҳои охир хеле шиддатнок ва муқовиматомез гардидаанд, хосияти бераҳмонаро ба худ гирифтааст. Ҷараёнҳо ва нерӯҳои сиёсӣ беш аз беш сифатҳои иртиҷоию ифротии хешро ошкор месозанд. Дар ин қатор ҷараёни экстремизми сиёсӣ яке аз масъалаи муҳимест, ки тамоми кишварҳои дунёро ба ташвиш овардааст. Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ айён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаҳои мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи онро бояд омӯхт. Аллалхусус, мебояд ҳама қишри ҷомеа, аз ҷумла ҷавононро аз ин хатари миёншикан бо тарбияи хуб ва роҳнамоии ҳамаҷониба ҳифз бояд кард. Исматзода САИДШОҲ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Баргаштан |
Вчера, 12:27 |