ВАРЗИШ - РОҲИ ТАҲКИМИ МИЛЛАТ


                                                ВАРЗИШ - РОҲИ ТАҲКИМИ МИЛЛАТ

            Бо мақсади татбиқи бевоситаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рӯзи 17 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе баён доштанд, иқдомҳои амалӣ ҷиҳати ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш дар сатҳи маҳаллӣ ба роҳ монда шуданд. Дар ин замина, субҳи 2 августи соли 2025 бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва ҳамоҳангии бахши кор бо ҷавонони ноҳия, чорабинии варзишӣ таҳти унвони "Миллати ҷисман солим - руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст" дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Умари Хайём баргузор гардид.

Дар ин машқи пагоҳирӯзӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия, масъулини ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ҷавонон ва дӯстдорони тарзи ҳаёти солим фаъолона ширкат варзиданд. Ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳо - ташвиқи аҳли ҷомеа, бахусус насли ҷавон ба фаъолияти ҷисмонӣ, баланд бардоштани маърифати варзишӣ ва дар умум, таҳкими фарҳанги солимгардонӣ дар байни мардум мебошад.

 Баргузории машқҳои дастаҷамъона на танҳо ба солимии бадан мусоидат мекунад, балки заминаи рушди тафаккури солими ҷомеаро низ фароҳам меорад. Зимни баргузории чорабинӣ зикр гардид, ки тарзи ҳаёти солим бояд ба як қисми ҷудонашавандаи рӯзгори ҳар шаҳрванди ватандӯст табдил ёбад. Чунин тадбирҳои варзишӣ дар ноҳия пайваста идома дошта, ҳамчун василаи муҳими ташаккули ҷомеаи солим, муттаҳид ва дорои руҳи ватандӯстона арзёбӣ мегарданд.


Баргаштан
6-08-2025, 09:15