ВОРИДОТИ ЗИЁДА АЗ 31 ҲАЗОР КИТОБҲОИ ДАРСӢ БА ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯ


                       ВОРИДОТИ ЗИЁДА АЗ 31 ҲАЗОР КИТОБҲОИ ДАРСӢ БА ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯ

    Санаи 5 августи соли 2025 ба шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ китобҳои дарсӣ барои соли хониши 2025-2026 ворид гардид. Тибқи иттилои расмӣ, ин маводҳои таълимӣ аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини хонандагон бо китобҳои хониш равона шуда, шумораи умумии он 31 ҳазору 218 нусха мебошад. Ин иқдом дар доираи сиёсати давлатӣ ҷиҳати таҳкими сатҳу сифати таълим ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълим барои хонандагон амалӣ гардида, ҳадафи он таъмини пурраи муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо китобҳои зарурии дарсӣ мебошад. Масъулони шуъбаи маорифи ноҳия зикр доштанд, ки таъмини мактабҳо бо китобҳои дарсӣ яке аз омилҳои муҳими боло бурдани сифати таълим ба шумор рафта, ин иқдом метавонад дар оғози соли нави таҳсил нақши муассир гузорад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки тақсими китобҳо тибқи рӯйхати эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимии ноҳия ба роҳ монда шуда, дар рӯзҳои наздик тамоми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо китобҳои мазкур таъмин хоҳанд шуд.

 


Баргаштан
9-08-2025, 09:18