МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАРГУЗОР ГАРДИД


                 

 

                    МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАРГУЗОР ГАРДИД

Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва бо дастгириҳои пайвастаи раиси ноҳия, муҳтарам Холиқзода Рустам Ҳикматулло, мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Навоии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.

Ин мусобиқа ба ифтихори Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон баргузор шуда, ҳадафи он тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди футбол дар сатҳи маҳаллӣ ва таҳкими дӯстиву ҳамбастагии ҷавонон мебошад.

 


Баргаштан
9-08-2025, 09:32