ШАҲНОЗА АЗ ҲАМА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ БАХШИШ ПУРСИД


                       ШАҲНОЗА АЗ ҲАМА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ БАХШИШ ПУРСИД

   Мирзоқулова Шаҳноза, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки чанде пеш бо нашри як навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадо барангехт, бо изҳори пушаймонӣ аз ҳарфҳои гуфтааш, расман аз тамоми мардуми ноҳияи худ ва кулли Тоҷикистон  узр  хост. Дар наворе, ки дар муҳити интернет паҳн гардид, Шаҳноза изҳори норозигӣ карда, ҳатто гуфта буд: «Колхозобод колхоз аст, ман дигар ба Тоҷикистон намеоям». Ин гуфтаҳо дар ҷомеа баҳсу гуфтугӯҳои зиёдеро ба бор оварда, дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои гуногунро ба вуҷуд оварданд. Аммо баъдтар, дар як навори дигар, ки маҳз дар қаламрави ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сабт шудааст, ӯ бо лаҳни самимӣ аз тамоми ҳамдиёрон ва ҳамватанон бо забони тоҷикӣ ва русӣ узр пурсида, таъкид намуд, ки гуфтаҳои қаблии ӯ зодаи эҳсоси яклаҳзаина буданд ва ҳеҷ гоҳ қасди беҳурматӣ ба Ватан ва зодгоҳ надошт. Ин ҳолат бори дигар нишон медиҳад, ки суханоне, ки дар фазои маҷозӣ гуфта мешаванд, метавонанд таъсири амиқ ва фарогир дошта бошанд. Ҳамзамон, иқдоми Шаҳноза барои узрпурсӣ далели огоҳии шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад. Дар замоне ки шабакаҳои иҷтимоӣ ба минбари озодии баён табдил ёфтаанд, ҳар як шахс бояд ба масъулият ва таъсири ҳарфи худ огоҳ бошад. Зеро муҳаббат ба Ватан на танҳо дар гуфтор, балки дар рафтору кирдор ва муносибати ахлоқии шахс бо ҷомеа таҷассум меёбад.


Баргаштан
9-08-2025, 09:48