"ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" - РАМЗИ ВАҲДАТ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ


                           "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" - РАМЗИ ВАҲДАТ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

      Шоми 11 августи соли равон, дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Умари Хайёми ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, чорабинии тантанавии «Шукӯҳи Истиқлол» аз ҷониби шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ҳузури густурдаи меҳмонон ва сокинони маҳаллӣ сурат гирифта, ранги идонаи хос касб намуд. Дар ин рӯз муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, намояндагони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ, сарояндаи шинохта Даянч Ҷумаев, аҳли санъат ва сокинони сершумори маҳаллӣ иштирок доштанд. Дар оғоз роҳбарияти ноҳия бо дастовардҳои соҳаи маориф, ки дар гӯшаҳои намоишӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, шинос шуданд.

Гуфта шуд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин дастоварди таърихӣ ва ганҷи бебаҳои миллат буда, маҳз бо шарофати Истиқлолият шароити мусоид барои пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёт, аз ҷумла маориф, фарҳанг ва иқтисод фароҳам шудааст. Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо баромадҳои ҳунармандони маҳаллӣ ва намоиши рақсу сурудҳои миллӣ идома ёфт.

Намоиши рангоранги ҳунар, ки бо маҳорати баланди иҷроӣ сурат гирифт, ба фазои идона шукӯҳи тоза бахшид ва эҳсоси ифтихор аз Ватанро дар дилҳои иштирокчиён қавитар гардонид. Ин чорабинӣ, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ байни сокинон доир гардид, боз як намунаи равшани ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагии ҷомеа дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буд.

 


Баргаштан
14-08-2025, 07:43