"ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" - ҶИЛОИ ФАРҲАНГӢ БА ИСТИҚБОЛИ 34-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ


               "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" - ҶИЛОИ ФАРҲАНГӢ БА ИСТИҚБОЛИ 34-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

          Ба пешвозгирии 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар фазои идона ҳукмфармо гашта, ҳамарӯза барномаҳои гуногуни фарҳангӣ ва маърифатӣ баргузор мешаванд. Ин иқдомҳо на танҳо нишони эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва таърихи давлатдории навини тоҷикон мебошанд, балки барои таҳкими руҳияи ватандӯстӣ ва боло бурдани ҳувияти миллӣ низ замина фароҳам меоранд.  

 Дар ҳамин росто, шоми 14 августи соли 2025 Боғи фарҳангиву фароғатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба як майдони пур аз суруру шодмонӣ табдил ёфт. Барномаи тантанавӣ таҳти унвони рамзии «Шукӯҳи Истиқлол» баргузор гардида, садҳо нафар аз сокинон, фаъолон ва меҳмононро гирди ҳам овард. Ин чорабинӣ бо ибтикори Бахши фарҳанг, Китобхонаи марказӣ ва Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия роҳандозӣ шуда, бо иштироки роҳбарияти ноҳия, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва чеҳраҳои маъруфи ҷомеа рангу ҷилои хоса гирифт.

Ҳузури сарояндаи саршиноси ҷумҳурӣ Сангалӣ Мирзоев, ки бо сурудҳои ватандӯстонааш дилҳои ҳозиринро ба ҳаяҷон овард, ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомат бахшид. Намоишҳои фарҳангӣ, баромадҳои ҳунармандон ва иҷрои асарҳои ҷовидонаи миллӣ асоси он гардиданд, ки ҳар як иштирокчӣ худро шарики ин шодии умумӣ эҳсос намояд. Мавҷи парчамҳо, оҳангҳои дилангез ва чеҳраҳои пуртабассум шаҳодат медоданд, ки Истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон на танҳо дастоварди таърихӣ, балки бузургтарин рамзи сарнавиштсоз аст. Шоми хотирмон бо як эҳсоси ваҳдат, фахр ва сипосгузорӣ ба роҳи тайкардаи миллат ҷамъбаст гардид.

 

 


Баргаштан
15-08-2025, 11:19