НАТИҶАГИРӢ АЗ ТАРАҚҚИЁТИ СОҲАҲОИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ИҶТИМОИЁТ


    Рӯзи 10-уми октябри соли 2022 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси ҷамъбасти тараққиёти соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2022 таҳти раёсати раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло баргузор гардид. Дар маҷлиси болозикр намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Ризвонзода Фирдавс ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Амирбеки Темур иштирок ва суханронӣ намуданд. Сипас муовини якуми раиси ноҳия Холиқзода Рустам, муовини раиси ноҳия Бегмуродзода Файзиддин, муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат маърӯза намуда, дар бораи фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ҳисобот доданд. Қайд гардид, ки дар давоми нуҳ моҳи соли 2022 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо мақсади амалӣ шудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бармеояд, дурнамо, барномаҳо ва нақшаҳои тасдиқгардидаи ба рушди иҷтимоиёту иқтисодиёти ноҳия нигаронидашударо аз имкониятҳои самаранок истифода бурда, корҳои муайянеро ба анҷом расониданд. Аз натиҷаи маърузаҳо раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло пурсишҳо намуда, ба масъулин барои ислоҳи камбудиҳо ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо супоришҳои мушаххас пешниҳод намуд.

Навиди Балх

10 октября, 17:54


Баргаштан
19-10-2022, 09:56