СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ


 СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ

 Санаи 12 октябри соли 2022 дар муассисаи давлатии Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи «Табодули таҷриба, баланд бардоштани савияи дониши тахассусӣ ва муаррифии бозёфту нигораҳои таърихӣ» бо иштироки директорони осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид. Сараввал гурӯҳи корӣ аз Мақбараи рамзӣ ва Хона-музейи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуданд, ки аз ин ғизои маънавӣ бардоштанд. Кормандони Осорхонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба меҳмонон дар бораи зисту зиндагии Мавлоно маълумотҳои мушаххас доданд. Инчунин директори Осорхона Латифзода Насиба дар семинари омӯзишӣ суханронӣ намуда, меҳмононро барои ташриф овардан ба ноҳия хайрамақдам гуфт. Сафарзода Гулистон-директори Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи "Авасто" дар Семинар-машварат суханронӣ намуда, ин ҳама ободкорию созандагиро дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ фоли нек дониста, онро самараи Истиқлолият арзёбӣ намуд.

 

 


Баргаштан
19-10-2022, 13:05