ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН БАРГУЗОР ГАРДИД


ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БОИНТИХОБ КУНАНДАГОН БАРГУЗОР ГАРДИД

    Санаи 17 октябри соли 2022 дар толори Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30 Одиназода Ҳуснигул Раҷаб, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сулаймонова Лола, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дустӣ Қурбонов Абдулҳафиз, Раиси Ҷамоати деҳоти Маданият Эшбуризода Баҳриддин вохӯрии навбатӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид. Вохӯриро Раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия Сулаймонова Лола кушода ибрози андеша намуд. Сипас вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30 Одиназода Ҳуснигул Раҷаб баромад намуда, оид ба 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба истифодаи самараноки замин, захира намудани маводҳои озуқаворӣ барои фасли сармо, сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи дурусти насли наврас, ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ибрози андеша намуд. Одиназода Ҳуснигул Муроҷиатномаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба интихобкунандагон қироат намуд. Аз ҷониби интихобкунандагон оид ба аксар масъалаҳо пешниҳоду дархостҳо карда шуд.

 


Баргаштан
19-10-2022, 13:10