ТАРМИМУ ТОЗАКУНИИ ДАРАХТОНИ ҲАМЕШАСАБЗ ДАР КӮЧАИ МАРКАЗӢ


                     ТАРМИМУ ТОЗАКУНИИ ДАРАХТОНИ ҲАМЕШАСАБЗ ДАР КӮЧАИ МАРКАЗӢ

         Субҳи 2-юми сентябр дар кӯчаи марказии ноҳия  гурӯҳи  махсуси  корӣ  сафарбар  гардида,  ба  тоза кардану ба тартиб даровардани дарахтони ҳамешасабз машғул шуданд. Тибқи иттилои масъулин, ҳадаф аз ин иқдом беҳтар намудани симои маркази ноҳия, нигоҳ доштани сабзу хуррамии муҳит  ва  фароҳам  овардани шароити мусоиди истироҳатӣ барои сокинон ва меҳмонон мебошад. Ҳангоми иҷрои корҳо, бо  истифода  аз таҷҳизоти махсус шохаҳои зиёдатӣ  бурида  шуда, дарахтон  шакли  зебо  гирифтанд. Ин  амал на  танҳо  ба зебоии кӯча афзуд, балки барои беҳтар шудани гардиши ҳаво ва рушду  нашъунамои  солими  дарахтон  низ мусоидат мекунад. Сокинон бо изҳори   қаноатмандӣ   мегӯянд,  ки  чунин  иқдомҳо  ба  ободии  ноҳия  ва саломатии аҳолӣ саҳми муҳим мегузорад. Гуфта шуд, ки кӯчаҳои марказӣ оинаи ноҳияанд. Вақте ки дарахтон ба тартибанд, муҳит ҳам зебо мешавад ва ҳам сокинон роҳаттар нафас мекашанд. Қайд карда шуд, ки корҳои нигоҳдорӣ ба таври мунтазам идома хоҳанд ёфт. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар фасли тирамоҳ ва баҳори оянда боз ниҳолҳои нав шинонда шуда, шумораи дарахтони ҳамешасабз дар маркази ноҳия  бештар  гардад. Ин гуна корҳо шаҳодати онанд, ки ҳукумати маҳаллӣ ба ҳифзи муҳити зист ва таъмини зебоии шаҳру деҳаҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.

 


Баргаштан
3-09-2025, 07:17