ВОХӮРИИ СУДМАНД


   

    Санаи 18-уми октябри соли 2022 тибқи нақша-чорабиниҳои Прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гурӯҳи кории мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар толори шуъбаи маорифи ноҳия вохӯрии муфид гузаронида шуд. Дар вохӯрии мазкур муовини раиси ноҳия, раиси комиссияи даъватӣ Бегмурозода Файзиддин, Прокурори ноҳия Собирзода Искандар, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ Нурализода Суҳроб, и.в сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳия Ҳалимов Ҷамшед, раисони маҳаллаҳо ва имомхатибони масҷидҳо иштирок намуданд. Сараввал Прокурори ноҳия Собирзода Искандар суханронӣ намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ дар замири ҷавонон фарзандони худро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳар як ҷавонмард мактаби мардонагист, сафарбар намоянд. И.в. сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Ҳалимов Ҷамшед дар баромади худ қайд намуд, ки ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Зеро террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад! Пешгирии ҷавонон ба шомилшавии ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд ва махсусан падару модарон аст. Гурӯҳи корӣ инчунин оид ба таъмину иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1005 аз 6 феврали соли 2018 «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» ва фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №27 аз 15 феврали соли 2016 «Дар бораи вазифаҳои мақомоти прокуратура оид ба ташвиқу тарғиби қонунҳо, иштирок дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва робита бо ҷомеа» вобаста ба гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва дигар масъалаҳои мухталифи мубрами рӯз суханронӣ карданд. Аъзои гурӯҳи корӣ оид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 октябри соли 2020, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» аз 23 январи соли 2021, қонунгузории озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ ва иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ ва дар ин раванд иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, таҳти №187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғону ҷавонон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» маълумот дода, шарҳу тавзеҳ намуданд. Дар ҳамин рӯз ҳамчунин аз тарафи роҳбар ва аъзои гурӯҳи корӣ - роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ қабули сайёри шаҳрвандон баргузор карда шуда, арзу шикоят ва муроҷиатҳои сокинони Ҷамоати шаҳраки Балх шунида шуда, тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо сохторҳои марбута баҳри ҳалли муроҷиатҳо мусоидат карда шуд.

       Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун

 

 

 

                                                                                                                                                                         


Баргаштан
19-10-2022, 13:19