АРЗИШИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РОҲЕ, КИ ТАЙ ГАРДИД


                   АРЗИШИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РОҲЕ, КИ ТАЙ ГАРДИД

                Бо фарорасии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардуми ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва дигар гӯшаҳои кишвар ба саҳифаи тозаи таърихи миллӣ қадам гузоштанд. Ин рӯйдоди тақдирсоз барои ҷомеа на танҳо соҳибихтиёрӣ ва озодии сиёсӣ овард, балки шароити васеъ фароҳам сохт, то шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои инсонӣ пурра бархурдор шаванд, истеъдоду маҳоратҳои худро барои пешрафти ҷомеа ва ободии Ватан равона намоянд. Истиқлолият бешак яке аз муқаддастарин арзишҳои миллии мо ба ҳисоб меравад. Зеро он ҳосили ҷонфидоӣ ва талошҳои фарзандони сарсупурдаи миллат аст, ки садсолаҳо дар орзуи чунин рӯз буданд.

 Имрӯз, ки Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни 34-солагии соҳибистиқлолӣ меравад, ин дастовард ҳамчун рамзи худшиносӣ ва худбоварии миллӣ дар зеҳни ҳар фарди кишвар ҷойгоҳи хосса дорад. Аммо ба ёд овардани солҳои аввали истиқлол худ саҳифае пурдард аст. Он айём Тоҷикистон бо мушкилиҳои сангини сиёсиву иқтисодӣ рӯбарӯ шуд. Қувваҳои манфиатҷӯ ва нотавонбин намехостанд, ки давлати тозаистиқлол дар арсаи байналмилалӣ пояи устувор бигирад.

 Ин дасисаҳо боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд, ки дардоварона ҷони ҳазорҳо ҳамватанро гирифт ва рушди кишварро барои чандин сол боздошт. Бо вуҷуди он вазъияти ноором, фарзандони ватандӯсти тоҷик бо ҳисси масъулияту миллатпарастӣ ба муқобили ҷангҷӯёну бадандешон истоданд. Маҳз иродаи қавии онҳо буд, ки Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ раҳо ёфт.

Ҳар боре аз он рӯзҳои талх ёд мекунем, бештар мефаҳмем, ки соҳибистиқлолӣ ба осонӣ ба даст наомадааст ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Ҳоло ки ҷомеа дар фазои сулҳу субот зиндагӣ мекунад, мо бояд доимо ба хотир биёрем: хотираи шаҳидони роҳи истиқлолият ва ваҳдат абадан дар қалбҳои мо зинда аст. Гарчанде захмҳои ҷанги шаҳрвандӣ пурра шифо наёфтаанд, миллати тоҷик бо виқор ва сарбаландӣ роҳи рушду пешрафтро интихоб кардааст. Имрӯз ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзад ва онро як намунаи нодир мешуморад. Бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвар тавонист дар муддати кӯтоҳ аз гирдоби ҷанг раҳо ёбад ва пояҳои давлати мустақилро мустаҳкам созад. Коршиносон ва сиёсатшиносон низ бар онанд, ки сулҳу ваҳдати тоҷикон бо шахсияти Пешвои миллат пайванди ногусастанӣ дорад. Мардуми ҷумҳурӣ бо қаноатмандӣ ва ифтихор мегӯянд, ки давлати соҳибистиқлол доранд, ки манфиатҳои онҳоро дар дохилу хориҷ ҳимоят мекунад.

Бо ҳамин неруи созанда, ҷомеа талош дорад, ки бо меҳнати софдилона ва созанда кишвари озодро боз ҳам ободу зебо гардонад. Ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар саросари кишвар чорабиниҳои густурда роҳандозӣ шудаанд. Ин ҳама омодагиҳо як бори дигар собит месозанд, ки Истиқлолият барои миллати тоҷик на танҳо рамзи давлатдории нав, балки асоси шарафу ифтихор, хонаи обод ва зиндагии осуда аст. Истиқлолияти давлатии мо дар роҳи тайкардаи худ арзиши баландтаринро соҳиб гаштааст, ки боиси тафохури ҳар як ватандор дар кишвар ва берун аз он арзёбӣ мешавад. Нурзода Парвиз Шералӣ, нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 


Баргаштан
5-09-2025, 13:48