ИФТИТОҲИ ДЕҲАИ "ОБШОРОН" БО МАНЗИЛҲОИ НАВ, БУНГОҲИ ТИББӢ ВА МАКТАБИ МУОСИР ДАР НОҲИЯ


   ИФТИТОҲИ ДЕҲАИ "ОБШОРОН" БО МАНЗИЛҲОИ НАВ, БУНГОҲИ ТИББӢ ВА МАКТАБИ МУОСИР ДАР НОҲИЯ

         Дар арафаи таҷлили 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 4 сентябри соли равон дар Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ деҳаи наве бо номи "Обшорон" ба истифода дода шуд. Маросими ифтитоҳи деҳаро раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло бо иштироки масъулон ва сокинон расман баргузор кард. Сохтмони деҳа бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” амалӣ гардида, дар марҳилаи аввал 10 хонаи нави истиқоматӣ омода ва ба ятимону кулу нимятимон тақдим гардид.

Ин иқдом имконият фароҳам овард, ки қишри осебпазири ҷомеа соҳиби манзили муосир гардида, бо шароити арзандаи зиндагӣ таъмин шаванд. Ҳамзамон, дар деҳаи нав бунгоҳи тиббӣ низ мавриди истифода қарор гирифт. Ин маркази хурди тиббӣ аз чор утоқ иборат буда, бо таҷҳизоти зарурии муосир таъмин шудааст. Бунёди он на танҳо шароити хизматрасонии тиббиро беҳтар намуд, балки барои чор нафар низ ҷои нави корӣ муҳайё сохт. Дар идома, раиси ноҳия ба муассисаи нави таълимии деҳаи Обшорон ташриф оварда, онро низ ифтитоҳ намуд.

Дар мактаби нав имкони таҳсил барои 134 хонанда фароҳам оварда шуда, ҳашт омӯзгор бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар муассиса аз синфи 1 то 8 фанҳои таълимӣ дар сатҳи зарурӣ тадрис хоҳанд шуд. Бо ифтитоҳи деҳаи "Обшорон", сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соҳиби макони нави зиндагӣ, муассисаи тиббӣ ва мактаби муосир шуданд. Ин иқдом, ки дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ сурат гирифт, боз як қадами дигар дар самти беҳбуди шароити иҷтимоии мардум ва таҳкими иқтидори инфрасохтори деҳот ба ҳисоб меравад.

 


Баргаштан
5-09-2025, 14:53