ТАҶЛИЛИ БО ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БО БАРНОМА ДИЛНИШИН |
ТАҶЛИЛИ БО ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БО БАРНОМА ДИЛНИШИН Санаи 8 сентябр дар Варзишгоҳи марказии "Панҷшер"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маросими бошукӯҳи таҷлили 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки намояндаи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Салимзода Алиҷон Абдуҷалол, раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту идораҳо, намояндагони корхонаҳо ва сокинони сершумори ноҳия сурат гирифт. Раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло дар суханронии худ аҳамияти Истиқлоли давлатиро ҳамчун дастоварди бузурги таърихии миллати тоҷик таъкид карда, мардуми ноҳияро ба ифтихори ин санаи муҳиму тақдирсоз табрик намуд. Ӯ зикр кард, ки маҳз Истиқлолият барои ташаккули давлати соҳибихтиёри тоҷикон заминаи боэътимод гузошта, роҳи амалӣ гардидани ҳадафҳои олии давлатдориро, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян кардааст, ҳамвор намуд. Сипас, намояндаи доимии Ҳукумати кишвар дар ноҳия Салимзода Алиҷон Абдуҷалол табрикоти самимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кулли сокинони шарафманди ноҳия расонда, дар бораи дастовардҳои бузурги миллӣ дар тӯли 34 - соли Истиқлол сухан гуфт. Ӯ таъкид дошт, ки бо шарофати Истиқлолият имрӯз Тоҷикистон ба як давлати соҳибихтиёр ва босубот табдил ёфта, ҷомеа ба сӯйи зиндагии осоишта ва рушд роҳ кушодааст. Дар доираи чорабинӣ як қатор шахсони фаъол ва меҳнаткашони ноҳия, ки дар пешрафту шукуфоии диёр саҳми арзанда гузоштаанд, бо Ифтихорномаҳои намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қадрдонӣ гардиданд. Қисмати фарҳангии барнома бо баромади ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия ва иҷрои барномаи консертии сарояндаи маъруфи кишвар Нозияи Кароматулло сурат гирифт. Сурудҳои ҷолибу дилнишин ва саҳнаҳои рангини фарҳангӣ ба шодиву болидагии руҳияи иштирокчиён ҳусни иловагӣ бахшиданд. Таҷлили ин санаи таърихӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба як маросими воқеан хотирмон табдил ёфт, ки дар он арзишҳои Истиқлолият, Ваҳдат ва худшиносии миллӣ боз ҳам бештар талқин ва таъкид шуданд.
Баргаштан |
Вчера, 07:40 |