ТУҲФАИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА КИТОБХОНАИ МАРКАЗӢ


                       ТУҲФАИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА КИТОБХОНАИ МАРКАЗӢ

         Барои рушди маърифат ва дастрасии аҳолӣ ба манбаъҳои иттилоотӣ, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид, ба Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 3000 китобҳои электронӣ ҳамчун туҳфа тақдим намуданд. Туҳфаи мазкурро 30 сентябр дар Рӯзи ҷашни Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло ба Китобхонаи марказӣ дастрас намуд. Маъмурияти Китобхона ин иқдомро ҳамчун ҳадяи арзанда ва қиматбахш арзёбӣ намуда, ба раиси вилоят сидқан изҳори миннатдорӣ намуд.

 Таъкид шудааст, ки ин китобҳои электронӣ барои васеъ намудани имкониятҳои хонандагон, пешбурди фарҳанг, дониш ва дастрасии осон ба иттилооти муосир аҳамияти ҷиддӣ хоҳанд дошт. Қабули ин туҳфа бозгӯи таваҷҷуҳи мақомоти вилоят ба рушди китобхонаҳо ва дастгирии фаъолияти фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон мебошад.

Китобҳои электронӣ дар оянда барои барномаҳои оммавӣ, таҳсилоти иловагӣ ва омӯзиши фанҳои гуногун истифода бурда хоҳанд шуд. Бояд гуфт, ки ин иқдом захираи китобхонаиро бой гардонида, заминаи рушди маърифат ва фарҳанги китобхонӣ дар ноҳияро тақвият мебахшад.

                                                                                                                                                  

 


Баргаштан
Сегодня, 13:27