ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ: НАҚШИ ТАЪРИХИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН


              ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ: НАҚШИ ТАЪРИХИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

     Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун сарзамини таърихӣ, дорои фарҳанги куҳан ва тамаддуни пурғановат мешиносанд. Мероси гаронбаҳои гузаштагон, шахсиятҳои бузурги илму фарҳанг ва макони воҳидсозии тамаддунҳо ҷойгоҳи тоҷиконро дар таърих муайян кардааст. Бо вуҷуди ин, давраи Истиқлолият барои миллати тоҷик санҷишҳои сангини таърихӣ пеш овард. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвар ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ ва вазъи номуътадили сиёсиву иқтисодӣ хатари аз байн рафтани давлатдориро ба миён оварда буд.

Дар чунин шароити буҳронӣ, ҷавонмарде, ки бо муҳаббату самимияти бузург умри худро ба хидмати давлат бахшид, ба майдон омад. Ин шахсият Эмомалӣ Раҳмон буд, ки соли 1992 дар Қасри Арбоб ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб шуд. Маҳз дар ҳамин марҳалаи ҳассос ӯ бо ҷонфидоӣ ва матонат масъулияти гаронро бар дӯш гирифт.

Сухани таърихии ӯ ки гуфта буд: «Ман ба хотири Ватан ҷони худро фидо месозам» то имрӯз ҳамчун рамзи садоқат ва ҷоннисории Роҳбар барои миллат ёд мешавад. Бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои муқаддаси давлатӣ қабул гардиданд. Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия на танҳо аломатҳои истиқлолиятанд, балки асоси худшиносии миллӣ ва ягонагии ҷомеаро таъмин карданд.

 Конститутсияи соли 1994 Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба ҷаҳон ошно намуд. Ҳамзамон, бо ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ заминаи ҳифзи амнияту субот ва соҳибистиқлолии кишвар гузошта шуд. Ҷонбозиҳои роҳбарият ва ҷасорату мардонагии сарбозон имкон дод, ки Тоҷикистон аз вартаи ҷанг берун ояд ва роҳи сулҳу ваҳдатро пеш гирад. Солҳои минбаъда таваҷҷуҳи хос ба сохтмони инфрасохтори замонавӣ зоҳир гардид. Роҳҳои автомобилгард, пулҳо ва нақбҳо бунёд шуданд, ки онҳо Тоҷикистонро бо кишварҳои ҳамсоя мепайванданд.

Ин иқдомҳои созанда мушкилоти дохилии нақлиётиро ҳал карда, ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ мусоидат намуданд. Яке аз бузургтарин дастовардҳои даврони Истиқлол, бунёди Неругоҳи барқии обии Роғун мебошад. Ин лоиҳаи аср Тоҷикистонро ба сӯйи Истиқлолияти энергетикӣ мебарад ва дар оянда ба яке аз сарчашмаҳои асосии рушди саноат ва иқтисоди миллӣ табдил хоҳад ёфт. Зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ҷойгоҳи худро дар созмонҳои байналмилалӣ ба даст овард.

Иштироки фаъол дар минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонӣ, хусусан дар масъалаи об, аз комёбиҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Бо пешниҳоди Тоҷикистон Созмони Милали Муттаҳид солҳои байналмилалии об ва даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро эълон кард. Ин иқдомҳо Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсаф дар масъалаҳои экологии ҷаҳонӣ муаррифӣ карданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша чунин ташаббусҳоро бо самимият пазируфта, нақши Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти умумибашарӣ эътироф кардааст. Ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи ҷонфидоии шахсияте мебошад, ки сарнавишти худро бо сарнавишти миллат пайвастааст.

Эмомалӣ Раҳмон тавонист аз кишвари харобгашта давлати муосир, дунявӣ ва демократиро бунёд намояд. Имрӯз Тоҷикистон дар минтақа ҳамчун кишвари дорои субот, пешрафт ва сиёсати созанда шинохта мешавад.  Номи  Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар дохил, балки дар арсаи байналмилалӣ бо садоқат ба Ватан ва ҷоннисорӣ барои мардумаш пайванд хӯрдааст. Хулоса, бо эътимоди комил метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллат ва ҷонфидои ҳақиқии Ватан аст.

Ӯ шахсияте мебошад, ки тамоми умри худро барои якпорчагии кишвар, рушди давлат ва ояндаи наслҳои оянда бахшидааст. Кароматулло САДИРОВ, директори Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ - узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

 


Баргаштан
Сегодня, 08:25