ҶАЛАСАИ ШӮРОИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН


             

   Санаи 8-уми ноябри соли 2022 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур раиси ноҳия, раиси Шӯро Убайдуллои Файзулло, аъзои Шӯро, инчунин аъзои комиссияи даъватӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини якум, муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуданд. Раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло қайд намуд, ки дар асоси нақшаи кории Шӯро ба масъалаи мусоидат ба иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки мунтазам корбарӣ ва баррасӣ гардида, чораву тадбирҳо амалӣ карда шавад. Ҳамчунин рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2022, таҳти рақами 451 "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ" дар ноҳия баррасӣ карда шуда, дар ин самт супоришҳои мушаххас дода шуд. Прокурори ноҳия Собирзода Искандар суханронӣ намуда, оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" шарҳу тавзеҳ намуда, баҳри иҷрои бечунучарои қонун даъват намуд. Комиссари ҳарбӣ, узви Шӯро Икромзода А. оид ба рафти иҷрои нақшаи сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ маълумот дод. Дар ҷаласа инчунин раиси суди ноҳия Сафарзода Шералӣ Нур, раиси Ҷамоати деҳоти Золи Зар Валиҷонзода Ғуломҷон ва дигар масъулин баромад намуда, оид ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа таклифу пешниҳодҳо намуданд.

 

 

                                                                                                                                                            


Баргаштан
9-11-2022, 10:11