ИДОМАИ МАЪРАКАИ ТОЗАКОРӢ ДАР ШОҲРОҲИ НОҲИЯ |
|
ИДОМАИ МАЪРАКАИ ТОЗАКОРӢ ДАР ШОҲРОҲИ НОҲИЯ Субҳи 8 октябри соли 2025 дар шоҳроҳи байналмилалии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки васеи кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, инчунин гурӯҳи волонтёрон корҳои тозакориву ободонӣ баргузор гардиданд. Ташкили чунин иқдомҳо бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносии шаҳрвандон нисбат ба муҳити зист ва саҳм гузоштан дар зебогии муҳити зисти маҳал сурат мегирад. Дар доираи ин чорабинӣ роҳравҳо, канораҳои шоҳроҳ ва минтақаҳои атрофи он аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза карда шуданд. Масъулин таъкид намуданд, ки баргузории чунин маъракаҳои экологӣ ба беҳтар гардидани симои ноҳия мусоидат намуда, сокинони ноҳия, аз ҷумла ҷавононро ба меҳнатдӯстӣ, масъулият ва эҳтиром ба табиат тарғиб менамояд. Тибқи иттило корҳои ободонӣ дар нақшаи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, минбаъд низ бо ҷалби бештари сокинон идома хоҳанд ёфт.
Баргаштан |
| Сегодня, 09:55 |