КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА САБЗКОРӢ ДАР ОСОРХОНА |
|
КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА САБЗКОРӢ ДАР ОСОРХОНА Дар назди Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои ободонӣ ва сабзкорӣ ба анҷом расонида шуданд. Дар ин доира гулҳои рангоранги ороишӣ ва ниҳолони ҳамешасабз шинонида шуданд, ки саҳни Осорхона ва атрофи он бо зебогӣ ва табиати тару тоза мубадал гардид. Ин иқдоми ободонӣ на муҳити зебои фарҳангӣ ва истетикии осорхонаро беҳтар намуда, барои меҳмонони маҳаллӣ ва сайёҳон фазои дидании ҷолиб фароҳам меорад. Сабзкорӣ ва гулшинонӣ дар муҳити Осорхона ба ҳифзи муҳити зист ва тарбия намудани ҳисси маърифати экологӣ ва фарҳангӣ низ мусоидат мекунад. Бо гузоштани ниҳолон ва гулҳои ороишӣ саҳни Осорхонаи таъриху кишваршиносӣ ба макони ҷолиб барои сайёҳӣ ва истироҳат табдил ёфт, ки дар оянда метавонад ҷалби бештари тамошобинонро таъмин намояд.
Баргаштан |
| Сегодня, 10:05 |