КӮЧАИ СИНОИ ШАҲРАКИ БАЛХ СИМОИ НАВ МЕГИРАД


                                  КӮЧАИ СИНОИ ШАҲРАКИ БАЛХ СИМОИ НАВ МЕГИРАД

      Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва дар ҳамкорӣ бо Идораи роҳсозии ноҳия корҳои мумфаршкунӣ дар кӯчаи Синои Ҷамоати шаҳраки Балх оғоз гардидааст. Тибқи иттилои масъулин ҳадафи асосии ин иқдом беҳтар намудани инфрасохтори роҳҳо, таъмини ҳаракати озоди нақлиёт ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии сокинон мебошад. Корҳо бо ҷалби техникаи муосири роҳсозӣ ва мутахассисони соҳавӣ амалӣ гардида, риояи меъёрҳои техникии сохтмонӣ пурра таъмин карда мешавад.

Сокинони маҳалла аз ин корҳои мумфаршкунӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор доштанд, ки роҳҳои ҳамвор на танҳо рафтуомади сокинонро осон мегардонад, балки ба зебогии симои шаҳрак низ таъсири мусбат мерасонад. Тибқи нақша, корҳои мумфаршкунӣ дар кӯчаи Сино дар муҳлати наздик ба анҷом расида, барои истифодаи пурра ба сокинон пешниҳод мегардад.

 


Баргаштан
Сегодня, 10:07