ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОӢ ДАР 9 МОҲИ СОЛИ 2025


         ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОӢ ДАР 9 МОҲИ СОЛИ 2025

          Санаи 15 октябри соли 2025 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи ҷамъбастии нуҳ моҳаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар 9 моҳи соли 2025 баргузор гардид. Дар он намояндаи вилоят, муовинон, роҳбарони сохторҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, раисон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва эмомхатибон иштирок намуданд. Раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло ҷаласаро ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва таъкид кард, ки ҷамъбасти нуҳмоҳаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва натиҷагирӣ аз татбиқи нақшаҳои соҳаҳои гуногун ҳадафи асосии ҷаласа мебошад. Муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ гуфт, ки татбиқи сиёсати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ боиси афзоиши нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва иҷрои нақшаҳои пешбинишуда шудааст. Андозҳо ва буҷети маҳаллӣ пурра ва ҳатто бештар аз нақша таъмин гардида, қисми хароҷоти буҷет дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, хоҷагии коммуналӣ ва дигар бахшҳо ба сатҳи 87-100 фоиз иҷро шудааст.

Қарзи корхонаҳо ва ташкилотҳо дар натиҷаи чораҳои ҷорӣ барои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва назорати фаъолият коҳиш ёфтааст. Дар соҳаи кишоварзӣ натиҷаҳо назаррас мебошанд: ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 1,74 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,3 фоиз афзоиш ёфтааст. Кишти ғалладона, лӯбиёгиҳо, картошка, сабзавот ва зироатҳои хӯроки чорво ба таври назаррас анҷом ёфта, истеҳсоли гӯшт, шир, тухм, пашм ва асал низ афзоиш ёфтааст. Нақшаи содирот аз ноҳия пурра иҷро гардида, маҳсулот асосан ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон фиристода шудааст.

Сардхонаи нави нигоҳдории меваю сабзавот ва қуттиҳои тухми кирмак барои мавсими имсолаи кирмакпарварӣ ба истифода дода шуда, сатҳи истеҳсол ва ҷалби ҷавонон ба корҳои мавсимӣ беҳтар гардид. Мутаассифона, таҳлил нишон медиҳад, ки камбудиҳо низ ҷой доранд, аз ҷумла кишти баъзе зироатҳо нисбат ба соли гузашта кам гардида, истеҳсоли картошка, пиёз, себ ва зардолу камтар иҷро шудааст. Таъминот бо оби полезӣ ва ҳолати мелиоративии заминҳо ҳанӯз ҳам масъалаи ҳалталаб боқӣ мемонад. Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ ва кумитаи идораи замин бо корҳои таъмирӣ ва назоратӣ кӯшиш мекунанд, ки замин ва об самаранок истифода бурда шаванд.  Соҳаи бехатарии озуқаворӣ ва ҳайвонот низ фаъолиятро тақвият дода, эмгузаронӣ, ташхис ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ амалӣ гардид. Ҳамзамон корҳои тозагию ободонӣ дар шаҳраку деҳот бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва рушди гулпарварӣ ва муҳити зебо ба роҳ монда шуд. Дар соҳаи саноат ва сохтмон низ натиҷаҳо назаррасанд: дар нуҳ моҳа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 196,9 млн сомониро ташкил дода, ду корхонаи саноатӣ ба истифода дода шудаанд. Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагӣ 51 бино ва иншооти гуногун ба истифода дода шуд, ки ин аз нақша зиёд мебошад. Ҳамзамон мумфаршкунии роҳҳо, чароғонкунии кӯчаҳо ва сохтмони пулҳо ба иҷро расонида шудааст. Хулоса, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ва беҳтар кардани ҳолати буҷет, истеъмоли самараноки захираҳо, рушди кишоварзӣ ва саноат, беҳтар намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва ташкили корҳои ободонӣ ба сатҳи хуб ноил гардидаанд.  Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки ба масъалаҳои ободонӣ, беҳтар кардани инфрасохтор, таъмиру сохтмони мактабҳо ва муассисаҳои тандурустӣ ва фарҳангӣ ҷиддӣ таваҷҷуҳ карда шавад. Маъмурият ва кормандони ноҳия тамоми захираҳои мавҷударо барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат сафарбар намуда, мехоҳанд, ки меъёрҳои истеҳсолот ва хизматрасонӣ дар ноҳия ба сатҳи зарурӣ расонида шавад ва саҳми ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар афзун гардад. Дар ҷаласаи болозикр суханрониҳо ва ҳисоботҳо ҳамчунин ба густариши иқтисоди рақамӣ, татбиқи низоми пардохти ғайринақдӣ ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда буданд.

 


Баргаштан
21-11-2025, 08:39