АЗ ҚАЛАМ ТО ИФТИХОРНОМА: ПИРӮЗИИ СОҲИБНАЗАРИ ХУРДСОЛ


АЗ ҚАЛАМ ТО ИФТИХОРНОМА: ПИРӮЗИИ СОҲИБНАЗАРИ ХУРДСОЛ

         Санаи 17 октябри соли ҷорӣ толори пурҷилои Маркази таҳсилоти иловагии ҷумҳуриявӣ шоҳиди лаҳзаҳои хотирмон буд. Дар байни садҳо расмҳои рангоранг, ки аз гӯшаҳои гуногуни кишвар ба ин озмун фиристода шуда буданд, расми як писари хурдсол аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ диққати ҳайати ҳакамонро беш аз ҳама ҷалб кард. Он писарбача Ҷабборназаров Соҳибназар, хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия - тифле бо нигоҳи софу диле пур аз орзӯ. Ӯ бо расме, ки бо муҳаббат ва андешаи самимӣ офарида буд, мавзӯи «Муқовимат бо коррупсия»-ро ба таври ҷолиб таҷассум кард.  Дар расми ӯ инсоф рӯ ба рӯи фасод меистод, ростӣ бар дурӯғ ғолиб меомад ва ҳамин паёмҳо расми кӯдакро пурмаъно ва таъсиргузор гардонданд. Ҳайати ҳакамон маҳорати Соҳибназарро баланд арзёбӣ намуда, ӯро соҳиби ҷойи дуюм дар сатҳи ҷумҳуриявӣ донистанд. Барои ин дастовард, ӯ бо Ифтихорнома ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардид. Дар лаҳзаи гирифтани ҷоиза чеҳраи Соҳибназар пур аз шодӣ ва ифтихор буд. Ӯ бо табассуми содиқона гуфт: «Ман мехоҳам ҳама кӯдакон ростқавл бошанд ва Ватани мо бе фасод бошад. Аз ҳамин сабаб расмамро бо дили пок кашидам». Омӯзгорони мактаб ӯро на танҳо як хонандаи фаъол, балки намунаи кӯдаки боҳуш ва масъулиятшинос медонанд. Ба гуфтаи модари Соҳибназар, чунин озмунҳо на танҳо маҳоратро рушд медиҳанд, балки дар дили кӯдакон ҳисси ростқавлӣ, адолат ва муҳаббат ба Ватанро бедор месозанд. Дастовардҳои Соҳибназар нишон медиҳанд, ки бо эътиқод ба ростӣ ва талоши самимӣ, ҳатто хурдсолон метавонанд ояндаи пурифтихор ва бе фасод созанд.

 


Баргаштан
Сегодня, 08:49