ИҶРОИ ПУРРАИ НАҚШАИ ПАХТА: МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН |
|
ИҶРОИ ПУРРАИ НАҚШАИ ПАХТА: МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Санаи 20 октябри соли 2025 дар Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии муҳим бо иштироки раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло баргузор гардид. Дар ин рӯз намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, махсусан кишоварзон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок доштанд. Сараввал, раиси вилояти Хатлон бо заҳматкашони ноҳия суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо барои саҳми арзандаашон дар иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта, ки онро “тиллои сафед” меноманд, изҳори сипос намуд. Зикр гардид, ки кишоварзони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо заҳмати софдилона ва талоши шабонарӯзии худ ба давлат беш аз 20 ҳазору 600 тонна пахта супоридаанд, ки ин нишондод иҷрои 100 %-и нақшаи дурнамои ноҳия мебошад. Заҳматкашони ноҳия дар соли ҷорӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини саҳми устувори худ дар иқтисоди вилоят ба як дастоварди муҳим ноил гардиданд. Онҳо бори аввал дар давраи 10 соли охир нақшаи дурнамои пахтаро пурра иҷро карданд. Раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид изҳор доштанд, ки чунин натиҷа самараи меҳнати пайваста ва ҳамкории масъулонаи деҳқонон бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Ӯ таъкид намуд, ки кишоварзон бо заҳмати самимии худ на танҳо ба таҳкими амнияти озуқавории кишвар мусоидат мекунанд, балки ба рушди иқтисодии минтақа ва болоравии сатҳи иҷтимоии сокинон низ саҳм мегузоранд. Дар идомаи мулоқот, муҳтарам Давлаталӣ Саид ба масъалаҳои муҳими рушди деҳот, истифодаи оқилонаи захираҳои замин ва об, тарбияи насли наврас дар руҳияи меҳнатдӯстӣ ва ватандӯстӣ, инчунин таъмини суботу амният дар ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Раиси вилоят таъкид карданд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ҳисси масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватанро баланд бардорад ва дар пешгирии падидаҳои номатлуб, аз ҷумла экстремизм ва терроризм саҳмгузор бошанд. Раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло дар суханронии худ иброз дошт, ки ин комёбии назаррас натиҷаи меҳнати шабонарӯзии садҳо корманди соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла кишоварзон, муҳандисон, механизаторон ва коргарони хоҷагиҳои пахтакор мебошад. Ӯ илова намуд, ки иҷрои нақшаи пахта нишонаи иттифоқ, заҳматкашӣ ва масъулиятшиносии сокинони ноҳия аст. Дар анҷоми чорабинӣ, гурӯҳи пешсафон ва фаъолони соҳаи кишоварзӣ барои саҳми арзандаашон дар иҷрои нақшаи пахта бо туҳфаҳои хотиравии раиси вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.
Баргаштан |
| Сегодня, 09:19 |