ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БАРОИ БУНЁДИ ХОБГОҲ ДАР МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ҶУҲУРИЯВИИ НОҲИЯ |
|
ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БАРОИ БУНЁДИ ХОБГОҲ ДАР МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ҶУҲУРИЯВИИ НОҲИЯ Дар идомаи сафари кориаш ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид рӯзи 20 октябри соли ҷорӣ аз мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ин ноҳия боздид ба амал овард. Ин сафар бо мақсади шиносоӣ аз шароити зисту таълимии хонандагон ва баррасии раванди татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат нисбат ба насли ҷавон доир гардид. Дар доираи ин боздид, барои беҳтар намудани шароити зиндагии кӯдакон ва таъмини онҳо бо имкониятҳои беҳтари таълиму тарбия, сохтмони хобгоҳи нави замонавии дуошиёна, иборат аз 104 кати хоб барои писарон ва духтарон бо тамом шароитҳои нави муосир оғоз ёфт. Раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид, бо иштироки роҳбарони сохторҳои дахлдор, дар маросими рамзии оғози сохтмон санги асоси иншооти навро гузошт. Тибқи нақша, бинои мазкур бо тамоми шароити муосир муҷаҳҳаз хоҳад гардид. Баъдан, раиси вилоят аз синфхонаҳо, ошхона, хобгоҳ ва дигар утоқҳои муассиса боздид намуда, бо хонандагон ва тарбиягирандагони мактаб-интернат суҳбати самимӣ анҷом доданд. Дар рафти мулоқот раиси вилоят таъкид намуданд, ки дастгирии кӯдакони ятим ва фароҳамсозии муҳити солим барои рушди маънавию ҷисмонии онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ӯ аз омӯзгорону масъулон даъват ба амал овард, то дар самти таълиму тарбияи насли наврас бо масъулияти баланд амал намуда, муҳити гарму дӯстонаеро барои кӯдакон фароҳам созанд. Ҳамзамон, раиси вилоят ба масъулини соҳаи маориф ва роҳбарияти мактаб дастур доданд, ки барои гузаштан ба низоми муосири таълим ва истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. Боздиди раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид аз мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳия аз таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар, хусусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои иҷтимоӣ, махсусан ба дастгирии кӯдакони ятим ва таъмини шароити арзандаи таҳсилу зиндагии онҳо гувоҳӣ медиҳад.
Баргаштан |
| Сегодня, 09:21 |