ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - ДУ НЕРУИ ХАРОБИОВАР БАР ЗИДДИ СУБОТИ МИЛЛӢ


        ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - ДУ НЕРУИ ХАРОБИОВАР БАР ЗИДДИ СУБОТИ МИЛЛӢ

         Дар солҳои охир терроризм ва экстремизм ба яке аз масъалаҳои печида ва хатарноки ҷаҳонӣ мубаддал гашта, беш аз пеш ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавии ҷомеаҳоро таҳти таъсир қарор медиҳанд. Ин падидаҳо амали гурӯҳҳои хурд ва бузурги ҷинояткор, равандҳои муташаккил ва идеологияҳои таҳдидоваре мебошанд, ки ҳадафи асосии онҳо ноором сохтани ҳаёти мардум, халалдор кардани суботи миллӣ ва аз байн бурдани арзишҳои бунёдии давлатдорӣ мебошад.

 Дар шароите, ки техникаи муошират босуръат рушд мекунад ва имкони дастрасӣ ба иттилоот васеъ шудааст, гурӯҳҳои ифротӣ ҳамчунин аз ин фазо истифода мебаранд, то ҷавононро бо роҳҳои гуногун ба доми худ бикашанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гурӯҳҳои экстремистӣ бештар ба ҳиссиёт, мазҳабият, эҳсоси адолатталабӣ ва ҳассосияти равонии ҷавонон такя мекунанд. Ифротгароён барои ҷалби ҷавонон аз усулҳои равонӣ, таблиғоти зебову фиребанда, наворҳои таҳрикдиҳанда ва шиорҳои бардурӯғ истифода мекунанд.

Онҳо мушкилоти иқтисодӣ, бекорӣ, нуқсонҳои иттилоотии ҷавонон ва ҳатто мушкилоти шахсии онҳоро ба унвони абзори таъсир истифода бурда, ҷавононро ба роҳи амале раҳнамоӣ мекунанд, ки пайомадаш ҷудоии иҷтимоӣ, хатар ба амният ва гум шудани ояндаи онҳо мебошад. Мавҷудияти шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои иртиботи пинҳонӣ сабаб шудааст, ки таблиғоти ин гурӯҳҳо нисбат ба солҳои пеш дастрастар ва таъсиргузартар гардад. Дар робита ба ин вазъ, масъулияти ҷавонон дар ҳифзи суботи ҷомеа бештар мегардад. Мояи асосии муқовимат ба терроризм танҳо қувваи низомӣ нест, балки сатҳи тафаккур, огоҳӣ ва неруи таҳлилии ҷавонон мебошад. Ҷавоне, ки ҷаҳонбинии солим дорад, таърихи худашро мешиносад, ба арзишҳои миллӣ арҷ мегузорад ва ҷойгоҳи худро дар ҷомеа дарк мекунад, худро аз ҳар гуна таъсири манфӣ нигоҳ дошта метавонад. Бинобар ин, баланд бардоштани саводи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ барои ҳар як ҷавон ҳатмӣ ва зарурати замони муосир аст.

Тадқиқотҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки на ҳамаи ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил мешаванд, дорои ангезаҳои сиёсии қавӣ мебошанд. Бисёре аз онҳо танҳо ба далели беогоҳӣ, ҷустуҷӯи ҷойгоҳи иҷтимоӣ, набудани неруи таҳлил ва таслим шудан ба эҳсосот ба ин роҳ меафтанд. Ҳамаи ин шаҳодати он аст, ки кор бо ҷавонон бояд бештар ба самти тарбияи тафаккури интиқодӣ, таҳкими ватандӯстӣ ва боло бурдани масъулияти шаҳрвандӣ равона гардад. Ҷомеа низ дар ин раванд нақши муҳим мебозад. Оила ҳамчун муҳити аввалини тарбия бояд ба рафтор, муҳити иҷтимоӣ, муносибатҳои дӯстӣ ва тағйироти равонии фарзанд назари ҷиддӣ дошта бошад.

Мактаб ва донишгоҳ бояд ҷойгоҳи рушди маърифат, ташаккули ҷаҳонбинии мутавозин ва омӯзиши арзишҳои давлатдорӣ бошанд. Расонаҳо бояд ба ҷои таблиғоти сенсатсионӣ бештар маводҳои маърифатӣ, таҳлили равандҳои иҷтимоӣ ва огоҳии зиддиифротӣ нашр ва паҳн намоянд, то ки зеҳни ҷомеа ба хатарҳои муосир омода бошад. Дар маҷмуъ, мубориза бо терроризм ва экстремизм танҳо як амалиёт ё як иқдоми ҷудогона нест; ин раванд ниёз ба ҳамкории пайвастаи давлат, ҷомеа ва хусусан ҷавонон дорад. Ҷавонон, ки ояндаи кишварро дар даст доранд, бояд дарк кунанд, ки интихоби ҳар шахс метавонад ба ҳаёти худаш ва ба оромии ҷомеа таъсир гузорад. Огоҳӣ, тафаккури солим, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва эҳтиёткорӣ дар фазои интернет метавонанд сипари боэътимод дар баробари ин падидаҳои хатарнок бошанд. Танҳо бо боло бурдани фарҳанги сиёсӣ ва масъулияти иҷтимоӣ метавонем ҷомеаро аз хатари терроризму экстремизм эмин нигоҳ дорем ва заминаи рушди устувори ҷавононро таъмин созем. Холов НУРИДДИН, сармутахассиси дин, танзими ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 


Баргаштан
Сегодня, 09:28