КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДОИР ГАРДИД |
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢДОИРГАРДИД Рӯзи 11 ноябри соли равон дар толори китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯъи "Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо иштироки кормандони бахши дин, танзим анана ва ҷашну маросими ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, бахши фарҳанг, китобхонаи марказӣ ва бахши сабти асноди ҳолатии шаҳрвандии ноҳия баргузор гардид. Дар конференсияи болозикр муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат баромад намуда, қайд намуд, ки натиҷаи ҳама корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди иқтисодӣ, шукуфоии забону фарҳанг ва илму адабиёт чун давлати соҳибистиқлол ҳамроҳ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ қадамҳои устувор бардошта, ба сӯйи ояндаи дурахшон раҳсипор аст. Гуфта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи 16-умро рӯйдоди сарнавиштсози миллат номида, таъкид карданд, ки он гардиши куллиеро дар кишвар ба вуҷуд овард. Он дар қатори дигар дастовардҳои муҳим, сабаби дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақил муаррифӣ ва ба ҳайати Созмони Милали Муттаҳид дохил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Сипас мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Майнисо Ализода дар мавзӯи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва аҳамияти таърихии он суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Санаи 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби вилояти Суғд бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуданд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Маҳз дар Иҷлосияи тақдирсози мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Боварии комил дорем, ки миллати тоҷик бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба ҳадафҳои стратегии худ ноил гардида, рушди ҳамаҷонибаи кишвар таъмин карда мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар cap андешаи имрӯзу фардои нек, дар қалб розу ниёзи созандагӣ, дар лаб муноҷоту ниёиши озодманишӣ ва дар ният оромиву осудагии миллат ва зиндагии шоистаи моро мепарварад. Баргаштан |
15-11-2022, 06:57 |