ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯ !


 Санаи 16-уми ноябри соли 2022 дар Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил карда шуд. Дар ҳамоиши идона раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва сокинон иштирок доштанд. Сараввал раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло ба сухан баромада, иброз намуд, ки ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба хизматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан мебошад. Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як сокини кишвар ифтихор буда, он чун рамзи қадрдонӣ ба хизматҳои нотакрорӣ таърихии Пешвои муаззами миллат мебошад. Зикр гардид, ки Тоҷикистон дар симои Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафареро мебинад, ки аз ҳама чиз гузашт намуда, ба хотири барқарор гардидани сулҳу ваҳдат, сарҷамъии миллат ва пароканда нашудани давлати тозабунёд ҷони худро дар хатар гузошта, ба майдони сиёсат омад ва бо хиради баланди инсондӯстона тавонист ба ҷои бесарусомониҳо ҳаёти шоистаро ба мардум баргардонад. Бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои муаззами миллат, дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз соли 2016 инҷониб 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Сипас як қатор озмунҳои ноҳиявӣ ҷамъбаст гардида, мукофоту ифтихорномаҳо аз ҷониби раиси ноҳия сарфароз гардонида шуд. Дар чорабинӣ аз тарафи волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақсим карда шуд. Дар фарҷом пешниҳоди барномаи ҷолиби фарҳангӣ хотири ҳозиринро болида гардонид.


Баргаштан
17-11-2022, 09:23