ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ИФТИХОРИ МИЛЛАТ!


   Дар таърихи давлатдории миллати соҳибтамаддуни тоҷик санаи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои зарҳалин сабт гардида, эҳтирому самимияти мардумро нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифода менамояд. Таърих ба Тоҷикистони соҳибистиқлол дар лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз Эмомалӣ Раҳмонро ҳадя кард ва ин чеҳраи нуронии сиёсат барои миллати тоҷик ва мардуми тоҷикистонӣ бозёфти нодири таърихӣ маҳсуб гашт. Аз саҳифаҳои таърихи давлатдории навини тоҷикон мо хуб дар ёд дорем, ки дар бунёд кардану азми ватандорӣ ба Пешвои муаззами миллат монеаҳои зиёде пеш омаданд, аммо руҳи шикастнопазираш хастагиро напазируфт. Иқдомҳои ташаббускоронаи ватансозиаш тафаккури миллиро дар шуури ҷомеа бедор мекарданд, ки ин бедорӣ моро ба шоҳроҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳидоят намуд. Воқеан, Пешвои маҳбуби мо хуб дарк мекарданд, ки бунёди қасрҳову иншоотҳои стратегӣ ва нақбҳову роҳҳо бе устувории тафаккури миллӣ бақо надоранд. Аз ин рӯ, рисолати таърихиашро дар назди Ватану миллат ба ҷо оварда, миллаташро соҳибватан карда, бо итминону боварӣ дар арсаи сиёсат қадам гузоштанд. Дар суханрониҳояшон ғурури миллии ниёгон ба аҳли ҷомеа пайваста талқин шуда, дар баррасиву муҳокимаҳои мавзуъҳои дорои хусусияти глобалӣ манфиатҳои Тоҷикистони азизро ҳифзу ҳимоят менамояд. Дастгирӣ ёфтани ташаббуси навбатии чоруми сатҳи байналмиллалии Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соҳаи истифодаи самараноки об - “Об барои рушди устувор”, ки ташаббуси наҷоти инсоният аз мушкилоти вобаста ба об аст, далели возеҳ ба ин аст. Воқеан миллате, ки таърих ва бузургони гузаштаи худро қадр мекунад, саодатманд аст, вале бузургтару саодатмандтар миллатест, ки ба қадри бузургон ва қаҳрамонони зиндаи худ мерасад. Илми таърих ва таҷрибаи давлатҳои мутамаддин низ собит менамоянд, ки давлатҳои гузаштаю имрӯза хизматҳои содиқона, созанда ва тақдирсози чунин фарзандони қаҳрамони худро мадди назар гирифта, бо мақсади нигоҳ доштани меросияти таърихӣ ва рушди бонизоми ҷомеа ва давлат симо ва шахсияти онҳоро ҳамчун қаҳрамон, Пешво ва Падари миллат эътироф кардаанд. Аз ин нуқтаи назар эътирофи ӯ ба ҳайси Бунёдгузори давлати муосири тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мувофиқ ба анъанаи давлатдории муосир буда, барои насли имрӯз сабақи муҳими ватандорӣ аст. Таърих хидматҳои бузургу бемисли Эмомалӣ Раҳмонро ба мисли оина рунамоӣ карда, ин шахсияти нодири таърихиро ба унвони раҳнамо, ҳидоятгар, мушкилкушо ва наҷотбахши миллат муаррифӣ менамояд. Ин чеҳраи сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ воқеан дар қалбу андешаи мардум Пешвои ҳақиқии миллатро соҳиб шуда, мардуми соҳибхиради тоҷик аз Мактаби давлатдории Пешвои муззами миллат пеш аз ҳама мафҳуми Истиқлолият ва соҳибдавлатиро хуб дарк менамоянд ва рисолати бузургро ба насли ҷавон меомӯзанд. Соли равон санаи ифтихории 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шукуҳу нусрати ифтихори ватандорӣ зам намуд, ки маҳбубият, хизматҳои шоиста ва заҳматҳои арзишманди Пешвои ваҳдатовари моро миёни мардум бори дигар рунамои кард. Бо дарки муҳимият ва аҳамияти Иҷлосияи тақдирсоз халқи бузурги тоҷик бори дигар ба дарки интихоби андешамандонаи вакилони мардумии иҷлосияи мазкур сано гуфта, ба ҷасорату матонат ва ҳисси баланди ватандӯстии Пешвои мардумсолори миллат аҳсант хонданд. Шукуфон бош, Тоҷикистон бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон! Абдусаломзода Анзурат, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Навиди Балх

 


Баргаштан
17-11-2022, 09:26