МОДАРОН-ДУОГӮИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ |
МОДАРОН-ДУОГӮИПЕШВОИМИЛЛАТ Санаи 16 ноябри соли 2022 дар толори китобхонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо занони собиқадори ноҳия баргузор гардид. Сараввал муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат дар мавзӯи "Модарон- дуогӯи Пешвои муаззами миллат" суханронӣ намуд. Сипас якчанд нафар омӯзгорзанон дар мавзӯи болозикр андешаронӣ намуда, нисбат ба ғамхориҳои Роҳбари давлат, фарзанди арзандаи халқу миллати хеш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таманниёти нек барои ҷоннисориҳои пайвастаашон карданд. Дар фарҷом занони собиқадори ноҳия бо сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардиданд.
Баргаштан |
17-11-2022, 13:37 |